ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 сентябр, шанбе, 273-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 92 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
30 сентябри соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилоотии расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардида буд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
***
5 сол қабл, 30 сентябри соли 2012 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин баргузор гардида буд. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон анҷом ёфта буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» суханронӣ карда буданд.
30 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
***
Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.
***
Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.
***
Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
30 сентябри соли 2010 дар маҷлиси навбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рўдакӣ тасдиқ гардида буданд.
***
30 сентябри соли гузашта лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1890 дар Германия қонунҳои зиддисотсиалистӣ бекор карда шуданд.
***
116 сол муқаддам, 30 сентябри соли 1901 дар Франсия бақайдгирии ҳатмии мошинҳое, ки суръаташон аз 36 км/соат баланд аст, ҷорӣ карда шуд.
***
30 сентябри соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1929 бахши англисии «Би-би-си» аввалин маротиба ба пахши барномаҳои телевизионӣ шурӯъ кардааст.