ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
12 сол пеш, 4 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди истифода қарор доданд.
***
4 ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор гардид, баён доштанд, ки «бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуд».
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии «Раванди Душанбе» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
4 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар- шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш Сарвари давлат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.
4 НОЯБР:
Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
***
Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.
РӮЙДОДҲО:
4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.
***
4 ноябри соли 2023 паҳлавони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни ҷамъи 100 кило чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1862 ихтироъкори амрикоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемёт)-ро ихтироъ кардааст.
***
Соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд «Таъбири хоб» нашр шудааст.
***
Соли 1967 манораи телевизионии Останкино мавриди истифода қарор дода шуд.
***
Соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ифтитоҳ гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст






