ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
3 ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.
***
3 ноябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам дохил шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
***
3 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт муаррифии тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» баргузор шуд.
3 НОЯБР:
Дар Ҷопон– Рӯзи фарҳанг.
***
Дар Либерия – Рӯзи миннатдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
3 ноябри соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку»-ро маъқул донист.
***
3 ноябри соли 2013 дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аз чониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо иштироки ситораҳои санъати тоҷик ҳамоиши «Президенти ман» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1903 Панама соҳибистиқлол гардид.
***
Соли 1907 дар Фаронса аввалин чархбол дар таърихи ҷаҳон ба ҳаво парвоз кард.
***
Соли 1918 Ҳизби коммунистии Австрия таъсис дода шуд.
***
Соли 1928 Туркия аз ҳуруфоти арабӣ ба лотинӣ гузашт.
***
Соли 1939 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба нафароне, ки бо нишони Қаҳрамони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд, аввалин маротиба медали «Ситораи тиллоӣ» супорида шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст






