«Тоҷикистон — кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об»-конференсия дар Душанбе

Сентябрь 15, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябри соли равон, соати 9:00 бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани сиёсат ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсад аз гузаронидани  Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об» дар сатҳи баланд тарғиб намудани сиёсат ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, оқилона ҳифз намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар ҷумҳурӣ мебошад.

Сентябрь 15, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд