Тоҷирони финӣ хостори пайдо кардани шарикони ҳамкор дар Тоҷикистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Иқтисоди Тоҷикистон бомаром рушд менамояд ва тоҷирони финӣ хостори тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷиканд». Ин матлаб зимни мулоқоти Консули ифтихории Финляндия дар Қирғизистон Петри Нуминнен бо раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид баён гардид. Дар ин замина Консули фин пешниҳод намуд, ки охири моҳи октябр дар Тоҷикистон семинари тиҷоратӣ бо иштироки доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар гузаронида шавад.
Дар ҷараён мулоқот Шариф Саид ба Петри Нуминнен доир ба фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, гуфт, ки «байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Финляндия ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст ва дар оянда он тақвият хоҳад ёфт». Ҳамзамон Шариф Саид ба меҳмон доир ба иқтидори инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, саноати сабук, тандурустӣ, сохтмон ва туризм иттилоъ дод.
Консули ифтихории Фин ҳадафи сафараш ба Тоҷикистонро омӯзиши бозор ва пайдо кардани шарикони ҳамкор оид ба тиҷорат дар самтҳои афзалиятнок арзёбӣ кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






