ТО МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2018 – ҲАМАГӢ ЯК ҚАДАМ. Футболбозони навраси тоҷик дастаи мунтахаби Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби наврасони Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Пас аз ин пирӯзӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ як қадами дигар монд, то ки дар марҳилаи финали Чемпионати Осиё-2018 иштирок намояд. Дар вохӯрии дигари ҳамин гурӯҳ, дастаи мунтахаби наврасони Оммон ҳамсолони худ аз Сурияро бо ҳисоби калони 6:0 шикаст дод.
Дар бозӣ бар муқобили дастаи Малдив Рустам Соиров муаллифи «покер» (чор гол) ва Эмомалӣ Аҳмадхон муаллифи «хет-трик» (се гол) шуданд. Ҳамчунин Шарифбек Раҳматов ва Ислом Зоиров муаллифи «дубл» (ду гол) гардиданд. Як голии дигарро Шоҳрух Сангов ва Азизбек Ҳасанов ба ҳадаф расониданд. Як тӯби дигарро футболбози Малдив Аҳмад Нахил Иброҳим бо як иштибоҳ вориди дарвозаи худ намуд.
Баъди ин бозӣ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Оммон бо касби 6 холӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвали мусобиқа ҷой доранд. Дастаҳои мунтахаби наврасони Малдив ва Сурия бошанд, баъд аз ду нокомӣ дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд, ки аллакай имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст додаанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 24 сентябр бо дастаи миллии Омон қувва месанҷад. Вохӯрии мазкур соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Барои ишғоли зинаи якум ва баромадан ба қисмати финалии Чемпионати Осиё-2018 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муқобили дастаи мунтахаби Оммон мусовӣ ҳам кифоя мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи финали Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола аз 20 сентябр то 7 октябри соли оянда дар кишвари Малайзия баргузор мегардад. Аз миёни дастаҳои иштирокчии марҳилаи интихобӣ ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойи дуюмро ишғолнамуда имкон доранд, ки ба қисмати финалии Чемпионати Осиё роҳ ёбанд.











Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






