Тоҷикистон ҳавасманди тақвияти бештари ҳамкорӣ бо фондҳои сармоягузории араб, аз ҷумла Фонди саудии рушд аст
ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябри соли равон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо ҳайати намояндагони гурӯҳи фондҳои араб – Фонди саудии рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Усмоналӣ Усмонзода зимни мулоқот барои дар сатҳи хуб қарор доштани ҳамкории фондҳои кувайтии рушди иқтисоди араб ва ОПЕК бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла бо сармоягузории ин фондҳо татбиқ гардидани якчанд лоиҳаҳо дар самти таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва бунёди хатҳои интиқоли барқ ва дар маҷмӯъ, барои мусоидат дар рушди соҳаи энергетика ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар мулоқот ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо фондҳои сармоягузории араб, аз ҷумла бо Фонди саудии рушд баҳри татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи энергетика иброз гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






