«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ПЕШОҲАНГ…». Пагоҳ дар Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад

Сентябрь 19, 2017 09:44

ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пагоҳ, 20 сентябр, соати 9:00  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об»  доир мегардад.

Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз гузаронидани Конференсия  дар сатҳи баланд тарғиб намудани сиёсат ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, оқилона ҳифз намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар ҷумҳурӣ мебошад.

Сентябрь 19, 2017 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд