ҲУМОЮН БОД, ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК! Фарҳод Раҳимӣ дар бораи дастовардҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 соли Истиқлолият

Сентябрь 9, 2017 10:35

«Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро, дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда  метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 соли замони Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро дар партави  сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.

Бояд зикр намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик — Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёсати дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.

Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди ба даст овардани истиқлол дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди нави ҳуқуқии меъёриро дар соҳаи илм тақозо менамуд.

Бештар аз 300 санади меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соҳаи илм қабул шуданд, барои пешрафти минбаъдаи илмиву техникӣ, такмили муассисаҳои илмӣ, маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони илмӣ ва амсоли инҳо равона гардида буданд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 феврали соли 1996 баргузор гардид, рўйдоди муҳиме дар ҳаёти илмиву фарҳангии ҷумҳурии тозаистиқлол ба шумор мерафт. Зеро дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳаёти илмӣ ба миён гузошта шуда, дурнамои инкишофи илм ва вазифаҳои олимон дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурӣ  нишон дода шудаанд.

Соли 2001 барои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман илми тоҷик марҳилаи тозае дар рушди соҳаҳои афзалиятноки илм шурўъ шуд, ки ба қабули як қатор фармонҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дастгирии илм ва баланд бардоштани эътибори он алоқаманд аст. Махсусан, ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 50-солагии Академияи илмҳо аз таваҷҷуҳи зиёди ў ба илм гувоҳӣ медод.

Тайи ин солҳо хусусан ба рушду такомули илмҳои табиатшиносиву дақиқ дар ҷумҳурӣ эътибори зиёд дода шуд. Ҳанўз соли 2000 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ ба муносибати вуруди ҳазорсолаи нав  таъкид карда  буданд, ки дар асри нав мо бояд рушди назаррасро  дар илмҳои дақиқ ноил гардем.

Масъалаи тараққӣ додани илмҳои дақиқу техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 апрели соли 2009)  ва маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60-солагии таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри соли 2011) бори дигар зикр гардида, аз олимони ҷумҳурӣ даъват карда шуд, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамин тариқ, давлат ва Ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.

Ҳоло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар  самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ чораҳо андешида, масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии мамлакатро таҳлил мекунад, дастовардҳои илм ва техноло­гияи ҷаҳониро омўхта, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд  ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳиро ҳамоҳанг месозад.

Таъсиси магистратура дар Академияи илмҳо падидаи нав буда, имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои илмии тобеи он дар солҳои оянда тайёр кардани кадрҳои илмии ҷавон вусъат пайдо намояд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи илм ҷавонон саҳмгузор бошанд.

— Боиси хушнудист, ки имсол мардуми бошарафи Тоҷикистон ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии хешро ботантана ва дар сатҳи баланди давлатдорӣ таҷлил менамоянд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастоварди бузург дар таърихи навини тоҷикон буда, дар натиҷаи воқеаҳои бузурги сиёсӣ дар интиҳои қарни гузашта ва баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди шўравӣ амалӣ гардид.

Лозим ба тазаккур аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои  мо ба осонӣ ба даст  наомадааст. Заминаҳои бунёдии давлати тоҷикон ҳанўз дар давраи Иттифоқи шўравӣ поягузорӣ шуда буд, аммо он ҳамчун давлати мустақил амал надошт.

Хушбахтона, 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул кард, ки мувофиқи моддаи аввали Эъломияи мазкур «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Дар асоси ҳамин заминаҳо Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, 9-уми сентябри соли 1991 санаи таърихӣ эълон ва тасдиқ карда шуд.

Бо  бунёди давлати мустақил барои он, пеш аз ҳама, Конститутсия  лозим буд.  Аз сабаби ба вуқўъ пайвастани кашмакашҳои сиёсӣ қабули Конститутсияи нав каме  ба таъхир афтод. Бинобар ин соли 1994 гурўҳи корӣ  лоиҳаи нави Конститутсияро барои муҳокимаи умумихалқӣ омода  сохт. Конститутсия аз ҷониби шаҳрвандон якдилона пазируфта шуда, 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 87 фоизи иштироккунандагон ин ҳуҷҷати таърихиро дастгирӣ намуданд.

Дар баробари  соҳибистиқлол гардидани худ Тоҷикистони озоди мо соҳиби Нишон ва Парчами миллии худ низ гардид. Инчунин зиёда аз 160 давлати ҷаҳон кишвари соҳибистиқлоли моро ба расмият шинохтанд. Илова бар ин Тоҷикистон узви як идда созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Хуллас, истиқлолият муқаддастарин неъмат аст, ки мо бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорему арҷ гузорем. Инчунин баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрўзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, тахрибкориву ифротгароӣ ва тундравию  таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон мавқеъ пайдо кунанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон дастовард ва неъмати бебаҳо буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумўи илму маърифат, фарҳанг, иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре, ки дар фавқ зикр кардем, истиқлолият барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст  наомадааст. Он бо талошу бедорхобиҳо ва ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи меҳан ва бахусус  заҳматҳои пайвастаи лидери сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.

Илму маърифат дар ин давра  бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нерўи илмиро барои баҳри равнақ бахшидани корҳои таҳқиқотии илмии бунёдӣ ва амалӣ доир ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, амалисозии сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамзамон илмию технологӣ, таҳияи тавсияҳои дахлдор, омўзиши дастовардҳои  илм ва технологияи ҷаҳонӣ ва тарбияи олимони ҷавону ояндадор равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ олимони кишвар аз рўи 88 номгўй мавзўъ, аз  ҷумла 47 мавзўи илмӣ- тадқиқотии бунёдӣ ва 38 мавзўи амалӣ идома дода, комёбиҳо ба даст оварданд.

Феълан таваҷҷуҳи олимони Академияи илмҳо ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рўйи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика; истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об; истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия; коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуъоти тайёр; мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ; мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист; таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон  ва монанди инҳо   равона карда шудааст.

Бештар аз 100 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо татбиқи худро дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, мисли кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб ёфта истодаанд.

Робитаҳои байналмилалии илмии Академияи илмҳо бо марказҳои илмии давлатҳои Россия, кишварҳои дигари ИДМ, Ҳиндустон, Хитой, Ҷопон, ИМА ва ғайра таҳким ёфта истодааст. Академияи илмҳо узви баробарҳу­қу­қи Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Ассотсиатсияи Академияи илмҳои Осиё, Академияи илмҳои давлатҳои мутараққӣ ва Шўрои байналмилалии марказҳои илмӣ гардид.

Асрҳо ва солҳо сипарӣ мегарданд наслҳои имрўза ва навраси миллати  мо ба саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон назар меафкананд ва аз доштани чунин Пешвои миллату нобиғаи нотакрор ва бунёдгузори сулҳу ваҳдату истиқлол, ки лоиҳаи сулҳофариашро башар  эътироф ва истифода кардааст, ифтихор мекунанд.

Таҷриба  собит намуд, ки Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, бо заҳмату талошҳои бесобиқа Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанги таҳмилӣ берун кашида, ба як кишвари шукуфону мутараққӣ табдил дод. Дар давоми 26 соли сипаригардида Тоҷикистони офтобрўя ба пешрафту дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки қобили мулоҳиза аст.

Дар васфи истиқлол ҳар қадар сухан гўем ва онро тавсиф кунем ҳам кам аст. Истиқлол ин нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва волотарин дастоварди муқаддасест, ки моро ба пешрафт ва ободонӣ раҳнамоӣ мекунад ва орзуҳои нуҳуфтаамонро амалӣ мегардонад. Тавре, ки шоир фармудааст:

Ҳумоюн бод, истиқлоли тоҷик,
Дили аз фахр моломоли тоҷик.

Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро ба ҳамаи ҳамватанони азизамон самимона шодбош мегўем. Ид муборак, дўстони азизу арҷманд.

Муборак ҷашни истиқлоли тоҷик,
Шукӯҳу шавкату иқболи тоҷик!

 

Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик

Сентябрь 9, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид