Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 30.09.207 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябри соли равон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода Ҳамоҳангсозии доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта ва Директори кишварии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Харфстро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва нақши он дар амалисозии ҳадафи 16-уми Ҳадафҳои рушди устувори СММ – сулҳ, адолати судӣ ва ниҳодҳои самарабахш табодули назар намуданд.
Зикр шуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти худ то ба имрӯз бо Намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва агентиҳои он, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ, Хазинаи кӯдакони СММ, СММ-Занон, Хазинаи нуфуси СММ, Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар самти ҳуқуқи инсон ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.
Дар доираи ин ҳамкорӣ иқтидори институтсионалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳким ёфта, дар 4 шаҳру навоҳии кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо дастгирӣ меёбад.
Хонум Пратибха Меҳта нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризм ва экстремизм, таъмини волоияти қонун, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ, мусоидат ба ҳамкории давлат ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






