ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД! Дар шарқи Тоҷикистон боридани барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафтаи моҳи сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои шарқии мамлакат боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 15 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат рӯзона чун пештара ба 36 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, пастшавии ҳарорат ба назар хоҳад расид. Гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 2 дараҷа паст гардида, ҳарорат рӯзона ба 32 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар ғарби вилоят ҳаво тағйиёбанда шуда, ҳарорат 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи он ҳавои ноустувор ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон пешгӯӣ карда шуда, ҳарорат дар ин мавзеъ ба 16 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 36 дараҷа мерасад.
Ҳарорати ҳаво сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанберо, ки чанд муддатест интизори боридани борон ва пастшавии ҳароратанд, чандон хушҳол намекунад. Зеро вазъи ҳаво, ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, чанд муддати дигар тағйирёбандаи бебориш боқӣ монда, ҳарорати ҳаво барои имрӯз 35 дараҷа пешбинӣ гардидааст.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






