31 ОКТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. То соли 2025 симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад

Октябрь 31, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Агар соли 1800 сокинони   шаҳр  ҳамагӣ 2 фоизи аҳолии кураи Заминро ташкил медоданд,  ин рақам соли 1950  ба 30 фоиз расид. Мувофиқи нишондоди СММ  то соли 2050 60 фоизи  аҳолии кураи Заминро сокинони шаҳр  ташкил хоҳанд дод.

Ассамблеяи СММ  бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ   ба масъалаҳои шаҳришавӣ, яъне баланд шудани мақоми шаҳрҳо  дар пешрафти ҷамъият  бо қарори худ аз моҳи декабри соли 2013    31 октябрро   ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо   (World Cities Day) эълом намуд ва  шурӯъ аз соли 2014 дар тамоми ҷаҳон ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Тайи чанд соли охир афзоиши босуръати аҳолӣ дар   пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе  низ ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти оморӣ, алҳол аҳолии пойтахт  зиёда аз  802,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вобаста ба  ин  дар пойтахт ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва  инфрасохтори шаҳрӣ  тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Яке аз ин тадбирҳои муҳим тасдиқи Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе мебошад. Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии  пойтахт  ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ  шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр  аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор  гектар  баъди соли 2040  пешбинӣ    гардидааст.

Афзоиши шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  дар марҳалаи аввал то соли 2025  936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040  1 миллиону 176 ҳазор нафар  муайян гардидааст.

Тавре муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр кард, тибқи қарори мазкур   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои  атрофи онро тарҳрезӣ намояд. Омодакунии муҳандисии ҳудуд, инчунин барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе  роҳандозӣ намояд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин муваззаф гардидааст, ки нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ намояд, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  монад. Тибқи ин қарор Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ  вазифадор гардидаанд, ки     ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола  дар  заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд»,-афзуд  М.Зувайдзода.

Тибқи иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе,   иқдомҳои дигари масъулин дар ин самт омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) мебошад, ки он  аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад.

Амалӣ гардидани барномаи мазкур  ба самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасонӣ бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоии пойтахт мусоидат менамояд.

         Бояд зикр кард, ки қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91, тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе дар соли 2020» низ бо ҳамин мақсад равона гардидааст.
Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил то 1 апрели соли 2019 якҷо бо Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе» номи кӯчаҳо, рақами хона ва манзилҳои маҳаллаҳои ноҳияҳоро ба тартиб дароварда, бо лавҳаю рақамгузорӣ таъмин намуда,   то 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳадҳои ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин то 1 сентябри соли 2019 якҷо бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.

Дар рушди шаҳрҳо  бунёди роҳҳо нақши авалиндараҷа доранд.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади беҳтар намудани ҳолати шабакаҳои роҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, кам намудани вазъи танбашавию шиддатнокии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, беҳбуди ҳолати экологӣ бо назардошти хулосаҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди роҳҳои шаҳр барои солҳои 2016 – 2020»-ро  тасдиқ намуд. Амалишавии барномаи мазкур имкон медиҳад, ки тамоми роҳҳои асосӣ  ва дохилии пойтахт пурра таъмиру таҷдид  ва мумфарш гарданд.

Бунёди  роҳҳои болоӣ низ дар Душанбе  тақозои замон аст. Зеро бунёди ин роҳҳо бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳоро таъмин намуда, барои  беҳтар гардидани  шароити ҳаракат дар  пойтахт мусоидат менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки   аввалин чорроҳаи сесатҳа дар пойтахт дар доираи амалишавии лоиҳаи «Таҷдид  ва  барқароркунии  роҳи Душанбе-сарҳади  Ӯзбекистон, қитъаи  роҳ аз ҳайкали  Сино  то дарвозаи ғарбии шаҳри  Душанбе» бунёд мегардад.

Ҳалқароҳи   нави сохташаванда аз 3 қабат  иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.  Дар қабати  дуюми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад.  Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпруке мегузарад, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад.  Тибқи лоиҳаи мазкур дар ин минтақа сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.   Дар иншоот корҳои  сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ  роҳандозӣ  гардида, то  нимаи соли  2018  сохтану   мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  додани  роҳи   мазкур  пешбинӣ  шудааст.

Амалишавии барномаю нақшаҳои  мазкур пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад дод.

Рухсораи НУР,

АМИТ “Ховар”

 

 

Октябрь 31, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД». Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Шуруъ аз 25 май дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъолият менамояд
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ таҷлил мегардад
Рустами Эмомалӣ: «Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти мамлакат омода мебошанд»
Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД». «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон оғоз гардид
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуданд
Дар Душанбе масъалаи амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиёт баррасӣ гардид
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст