«АҚЛ, ШАРАФ, ВИҶДОНИ ҶОМЕА ВА СИМОИ АСОСИИ ОН». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши омӯзгор

Октябрь 1, 2017 08:15

ДУШАНБЕ, 01.10.2017./АМИТ «Ховар»/. 1 октябр, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», дар мамлакат Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад.

Омўзгор машъали фурўзонест, ки ба ботини одамон  нур мебахшад.  Омӯзгор мисли боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Беҳуда нест, ки ниёгони шуҳратманди мо, бузургони адабиёти қадиму пурғановати оламшумуламон дар тамоми давру замонҳо омӯзгор, муаллим, устодро ситоиш кардаанду   ҳамду саноҳо хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии Шерозӣ «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Агар дарҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Мақому манзалат ва нақши омўзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба маротиб афзудааст. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рўзгори ў пайваста ғамхориҳо мекунад. Ҳамасола афзоиши музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омўзгор тамоми донишу заковат, гармии дили хешро бедареғ ба фарзондони халқ бидиҳад ва ҳамзамон худро хушбахт шуморад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳоло чанд фармудаи дигари Сарвари давлатро дар ситоиши омӯзгор ба хотир меорем:

«Омӯзгорони мо бояд, пеш аз ҳама, ба номи баланди муаллим, яъне шахси соҳибилм ва таълимдиҳандаву тарбиятгар содиқ бошанд ва хуб дарк намоянд, ки онҳо ду рисолат доранд, яъне ҳам меомӯзанд ва ҳам омӯхтаҳои худро ба шогирдонашон меомӯзонанд».

(Аз суханронии Президенти
Ҷ
умҳурии Тоҷикистон дар маросими
ифтито
ҳи мактаби №34, шаҳри Кӯлоб).

***

«Омӯзгорону устодони муҳтарамро зарур аст, ки ба насли наврас, яъне насли хушбахти замони соҳибихтиёрии Ватанамон таърихи истиқлолият, қадру қимати сулҳу субот ва оромиву осоиштагиро фаҳмонанд».

(Аз суханронии Президенти
Ҷ
умҳурии Тоҷикистон дар маросими
ифтито
ҳи мактаби №37, шаҳри Кӯлоб.
4 октябри соли 2016).

                                                     

***

«Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад».

(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
1 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе).

***

«Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Ванҷ.
26 июни соли 2010, ноҳияи Ванҷ)

***

«Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд:

Тарбия чист? Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.

Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост».

(Аз суханронии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
бахшида ба Рӯзи дониш.
1 сентябри соли 2013, шаҳри Душанбе)

***

«Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад».

(Аз суханронии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
бахшида ба Рӯзи дониш.
1 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе)

***

«Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

(Аз суханронии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
бахшида ба Рӯзи дониш.
1 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе)

***

«Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

(Аз суханронии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот
бо зиёиёни мамлакат.
19 марти соли 2015, шаҳри Душанбе)

Омузгор

Октябрь 1, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид