Абдуқаҳор Ғаффуров дар 9-умин Фестивали байналхалқии муғам барои кӯдакон сазовори ҷои дуюм гашт
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку 25 октябр маросими ниҳоии фестивали 9-уми байналхалқии сарояндагони муғам миёни кӯдакон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар фестивал Абдуқаҳор Ғаффуров муаррифӣ карда, бо забони озарӣ мусиқии «Таснифи чоргоҳ»-ро иҷро намуд ва сазовори ҷои дуюм гардид.
Ҷашнвора аз соли 2009 то инҷониб дар Озарбойҷон доир мегардад. Мақсад аз ин фестивал муайян кардани маҳорати ҷавонон ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ буда, он ба ҷавонони кишварҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо фарҳанг ва санъати Озарбойҷон шинос гарданд.
Дар озмуни мазкур ҷавонони то синни 16 аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Алҷазоир, Миср, Эрон, Қазоқистон, Туркия, Тунис, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






