ҶАВҲАРИ ИСТЕЪДОД ДАР НИҲОДИ ҲАР ЯК КӮДАК ҲАСТ! Хонанда аз Душанбе Ёсуман Исмонзода бо истеъдоди математикии худ ҳамаро дар ҳайрат монда, қаҳрамони барномаи шабакаи телевизионии Россия гардид

Октябрь 30, 2017 19:43

ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи ҷавони Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода иштирокчии барномаи истеъдодҳои   «Удивительные люди» /«Одамони аҷиб»/-и шабакаи телевизионии «Россия-1» гардид.

Ёсуман Исмонзода доварон ва тамошобинонро бо истеъдоди арифметикаи зеҳнӣ дар ҳайрат гузошт. Ёсуман  метавонад дар зеҳнаш шумораҳои дурақама ва серақамаро ҷамъу тарҳ намояд.

Ёсуман чун соҳибҷамоли шарқӣ бо гесуи дарози ғафс ба саҳна баромад. Вале ӯ  доваронро на бо ҳусни зебояш, балки бо ҳисоби босуръаташ дар зеҳн ба ҳайрат андохт.

«Ман дар Академияи арифметикаи зеҳнии шаҳри Душанбе 12 моҳ боз ба математика машғулам», — гуфт ӯ.

Барандаи барномаи мазкур Александр Гуревич ба ҷавондухтари тоҷик пешниҳод намуд, ки дар давоми 2 дақиқа мисоли иборат аз 100 ададро ҳал намояд. Ёсуман 13 сония пеш аз интиҳои вақти ҷудошуда ҷавоби дурустро пешниҳод намуд.

Мисоли дигар дар 50 варақа, ки онҳоро тамошобинони толор дар даст доштанд, чоп шуда буд. Рақамҳо дар варақаҳо ба таври оинагӣ (зеркальный) тасвир ёфта буданд, ки ҳалли онҳо мушкил буд, вале ҷавондухтар-ҳисобкунак (калькулятор) аз Тоҷикистон ин мисолро боз ба таври ҳайратовар ҳал кард.

Ба хотири эҳтиром ба истеъдоди математикии Ёсуман тамоми бошандагони толор аз ҷой бархоста, ба ин ҷавондухтари фурӯтан қарсақ заданд.

Ёсуман Исмонзода дар Академияи арифметикаи зеҳнии «Империяи дониш» («Империя знаний»)-и шаҳри Душанбе  як сол боз ба арифметикаи зеҳнӣ машғул аст ва ғолиби як зумра олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад.

«Ман ба қуллаҳои баланд ноил шудан ва ҳалли мисолҳои гуногунро дӯст медорам. Арифметикаи зеҳнӣ муваффақияти маро дар мактаб беҳтар гардонд ва айни ҳол ба ман аз худ кардани забонҳои хориҷӣ осон аст» — гуфт Ёсуман.

ГЕНИЙ ЕСТЬ В КАЖДОМ РЕБЕНКЕ11

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар барномаи «Удивительные люди» хонандаи синфи 9-и шаҳри Душанбе Манижа Тошболтаева низ иштирок кард. Ӯ бо нигоҳ суръати ҳаракати нақлиётро муайян менамуд.

Барномаи «Удивительные люди»-и шабакаи телевизионии «Россия-1» ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки истеъдоди нодири худро нишон диҳанд. Дар ҳар як намоиши ин барномаи телевизионӣ 7 довталаб иштирок менамоянд. Дар охири барнома тамошобинони толор бо роҳи овоздиҳӣ яке аз онҳоро қаҳрамон интихоб мекунанд. Ғолиби барномаро як миллион рубли русӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки ҶСК «Империяи дониш» — ягона намояндаи Тоҷикистон дар Ассосатсияи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ «PAMA GLOBAL ABACUS AND MENTAL ARITHMETIC ASSOCIATION», ки ба пешбурд ва рушди арифметикаи зеҳнӣ дар саросари ҷаҳон машғул аст, мебошад.

Арифметикаи зеҳнӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки на танҳо ҳисоб, балки сароиданро низ инкишоф диҳанд.

Тавре Манижа мегӯяд: «Ман худро каме духтараки аҷиб мешуморам, чунки метавонам ҳисоби математикӣ намоям ва ҳамзамон ба сурудхонӣ машғул шавам».

Дар воқеъ олимон исбот кардаанд, ки сурудхонӣ ба рушди ҳамаҷонибаи мағзи сар бисёр таъсири мусбат мерасонад.

 

 

 

Октябрь 30, 2017 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид