ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ: аз ҳаҷми умумии борҳои содиротӣ зиёда аз 207 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 31.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар зарфи нуҳ моҳи соли равон ба зиёда аз 955 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё 12,1% зиёд мебошад.
Тавре котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин давра ҳаҷми умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда 1897 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 222 тонна ё беш аз 13 % зиёд аст. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки аз ҳаҷми умумии борҳои содиршуда зиёда аз 207 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати хуррамгардонӣ ва ободонии атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корҳои назаррас ба анҷом расонидаанд. Хусусан дар ин давра ба истиқболи ҷашнҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, терминалҳои №1 ва №2, атрофи фурудгоҳ 1200 бех ниҳолу дарахтони гуногун беш аз 60 ҳазор адад гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонда шуда, 5000 метри мураббаъ заминҳои ҳудуди дохилӣ ва берунии фурудгоҳ сабзазор гардонида шуд.
Инчунин дар ин давра бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нақлиётии дохили фурудгоҳ дар ҳаҷми наздик ба 2000 метри мураббаъ ва 980 метри мураббаъ таваққуфгоҳҳои берунии фурудгоҳ ва зиёда аз 2600 метри мураббаъ роҳҳои назди бинои аэровокзал асфалтпӯш карда шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






