Ба наврасон тартиб ва қоидаи рафтор дар майдончаҳои варзиширо бояд омӯхт! Ва ё таҳлили риояи Маромномаи сокини пойтахт аз ҷониби шаҳрвандон

Октябрь 10, 2017 11:25

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд,  пеш аз ҳама,  кӯчаву хиёбонҳо,  майдону  гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ,  бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва  муомилаи  сокинони пойтахтро  дидаву омӯхта,  аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати   мо баҳо  медиҳад.

Қомат рост кардани биноҳои  хуштарҳи  маъмурию истиқоматӣ,  бунёди боғҳо ва дигар иншооти  фарҳангию фароғатӣ,    чаманзору гулгаштҳо  пойтахти тоҷикон –Душанберо  имрӯз  ба яке аз шаҳрҳои  зеботарини Осиёи Марказӣ   табдил додааст.

Ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт вусъат меёбанд.  Аз ҷумла, тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   дар мавриди  дар зарфи 3 сол пурра таъмир ва асфалтпӯш  намудани  тамоми роҳҳои пойтахт- роҳҳои асосӣ ва дохилии он боиси хушнудии  сокинони пойтахт гардидааст.

Айни замон корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо, шинонидани гулҳо, бунёди чаманзор, тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо дар    пойтахт муташаккилона ҷараён доранд.

Тавре маълум аст, ин ҳама ободиву зебоӣ  ба осонӣ ба даст намеояд. Субҳи барвақт, вақте ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳанӯз дар хоби нозанд,  кормандони муассисаҳои давлатии  истифодабарии   роҳҳои ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  ба тозаву ороста намудани кӯчаву хиёбонҳои он машғуланд.

Набояд фаромӯш кард, ки  ободиву зебоии   Душанбешаҳр,  пеш  аз ҳама, қадр намудани меҳнати кормандони муассисаҳои мазкур,    риояи одобу рафтор ва  фарҳанги шаҳрнишинӣ  аз ҳар яки мо  вобаста мебошад. Барои хуррамгардонии  пойтахт   ҳамаи мо  масъулият дорем.

Гарчанде  одобу ахлоқ ва фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт  имрӯз  рӯ ба беҳбудӣ овардааст,  ҳанӯз ҳам  нафароне ёфт мешаванд, ки    бо  рафтору кирдори ношоиста ба шаъни сокини пойтахт  нанг оварда, фарҳанги шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинии моро коста  мегардонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бобати  баланд бардоштани  фарҳанги шаҳрнишинии сокинон   бо   Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000  МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ қабул гардидааст, ки  он хусусияти тавсиявӣ дорад.
Дар робита ба ин зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  масъулини  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе зикр карданд,  ки  сокинон ва меҳмонони  пойтахт бояд ҳатман  Маромномаи сокини пойтахт ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» -ро,  ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.

Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд. Асосҳои ҳуқуқии онро Конститутсияи ҷумҳурӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар санади мазкур омадааст, ки    риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.
Шахсоне, ки тартиби муқарраршудаи ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, роҳпаймоиҳоро дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, ҳамчунин тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан, инчунин аз соати 23:00 то 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст.

Ҳамчунин таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсад таъйиннагардида, бунёд ва гузоштани гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ бидуни қарори Раиси шаҳри Душанбе ва насби радиошунавонию  карнайҳои радио дар биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву шоҳроҳҳо мамнӯъ мебошад.
Тавре ба мушоҳида мерасад, баъзе  сокинони пойтахт ба рафтори ношоистаи фарзандонашон,  ки  аз ҷумла, ба   поймол намудани майсазорон,  гулу буттаҳо,  шикастани дарахтон,   корношоям гардонидани молу ашёи ҷамъиятӣ ва ифлос намудани  атрофи биноҳои истиқоматӣ  даст мезананд,   муносибати бепарвоёна  доранд.

Онҳо  ба тозагии атрофи биноҳои истиқоматӣ, даромадгоҳ ва зинапояҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, меҳнати шабонарӯзии кормандони  муассисаҳои  беҳдошту поккории шаҳрро қадр намекунанд.

Ҳол он ки  мо  аз  ниёгон    анъана ва одати хуберо    ба  мерос гирифтаем, ки  тибқи он  бояд ҳар субҳро аз тозаву озода гардонидани хона ва  атрофи макони  зистамон  оғоз   намоем.

«Дар пойтахт  соли равон  аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  зиёда аз  76 адад майдончаҳои варзишӣ  бунёд гардиданд. Мақсад аз бунёди ин иншооти варзишӣ таъмин намудани   шароит барои ба варзиш ҷалб намудани насли наврас  ва истироҳати бофароғати онҳо мебошад.  Мутаассифона, ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки   баъзе наврасону кӯдакон  ба таҷҳизоту  ашёи ин  майдончаҳои варзишӣ   муносибати беэҳтиётона намуда, онҳоро шикаставу корношоям намудаанд. Масалан, ба арғунчакҳо, ки онҳо барои бозии кӯдакони хурдсол муайян шудааст,  наврасони 16-17- сола се–чор нафарӣ савор мешаванд, ки ин боиси корношоям гардидани онҳо мегардад. Инчунин дар вақти бозӣ дар ин майдончаҳо озор додани  кӯдакони хурдсол аз ҷониби наврасон низ ба мушоҳида мерасад. Волидайн ва омӯзгорони пойтахтро зарур аст, ки   тартиб ва қоидаи рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар ин майдончаҳои варзиширо   ба онҳо омӯзонанд»,-  мегӯяд Раҳматшо Камолов, директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе.

Ҳолати дигаре, ки  ҳусни  шаҳри моро коста мегардонад, амали ноҷои  баъзе  истиқоматкунандагони   биноҳои  дар шоҳроҳҳо воқеъгардида    мебошад, ки  онҳо либосҳои  худро берун  аз  балконҳо овезон  менамоянд.

Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе»  шаҳрвандон вазифадоранд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва ба таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Ҳамчунин тибқи тарифҳои муқарраргардида пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналиро (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) анҷом дода,  истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд. Мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд.

DSC_0170 DSC_0165 DSC_0167

Набояд фаромӯш кард, ки  сари вақт  пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба фаъолияти  самараноки  сохторҳои ба онҳо марбут мусоидат менамоянд.

Бояд ёдовар шуд,  ки  иҳотаи қитъаҳои замин,  дар балконҳои хонаҳо овехтани ҳар гуна анҷому либосҳо, худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ  манъ аст.

Дар боби 5-и санади мазкур ҳамчунин омадааст, ки маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатҳои манзиливу коммуналӣ, дигар сохторҳо, новобаста аз мансубияти идоравӣ, иҷорагирон ва соҳибмулкон уҳдадоранд, ки биноҳо ва иншооти ҳудуди худро, аз ҷумла, ҷӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдароҳҳо, мавзеи сабзазор ва истгоҳҳои нақлиётро тоза нигоҳ доранд.

Ҳолати дигаре, ки боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст, ин риоя нагардидани фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар кӯчаву бозор ва нақлиёти мусофиркаш мебошад.

Баъзе шаҳрвандон дар нақлиёти ҷамъиятӣ  тавассути телефонҳои мобилӣ  бо садои баланду дилхарош   ва дурудароз гуфтугӯ намуда, ҳатто баъзан бо ҳамсуҳбатони худ ҷанҷол карда, бо суханони кабеҳу дурушт табъи мусофирони дигарро хира  мегардонанд.

Баъзан ҳолатҳоеро вомехӯрем, ки  дар  нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ  дар як вақт якчанд кас тавассути телефон бо овози баланд суҳбат мекунанд, ки сабаби хавотирӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи  ронанда  гардида, дар ин ҳолат ба садама дучор гардидани  нақлиёт аз эҳтимол дур нест.

Хуб мешуд, ки  мусофирон  танҳо дар  лаҳзаҳои зарурӣ  дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт   аз  телефонҳои мобилӣ истифода  намоянд ва ё  тавассути ирсоли паёмакҳо зарурати худро ба анҷом расонанд.

Ҳамватанони азиз! Биёед, барои боз ҳам ободу зебо гардидани  пойтахти кишварамон- Душанбеи гулбадоман  камари ҳиммат бандем.

Мо аз ҳамаи сокинони  пойтахт   даъват ба амал меорем, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо  ва дигар кормандони  соҳа расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон  онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу хароб гарданд.

Сокини пойтахт будан ифтихори бузург аст. Сокинони мо низ бояд кӯшиш намоянд, ки ба ин ифтихору шарафмандӣ сазовор бошанд.  Фаромӯш насозанд, ки тозагии шаҳри мо аз тозагии кӯчаву маҳалли зисти  ҳар яки  мо сар мешавад.

 

                                                                                                     Рухсораи НУР,

                                                                                               АМИТ “Ховар”

 

Октябрь 10, 2017 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст