«БА ПИРӢ ХИДМАТИ МОДАР-ПАДАР КУН…». Ва ё чаро фарзандони носипос падару модари худро дар айёми пирӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридаанд?!

Октябрь 1, 2017 08:11

«Ман шуморо хору зор шудан намемонам».

                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 01.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии калонсолонро  (International Day of Older Persons)  ҷашн мегирад. Ин сана  дар асоси Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид, ки  14 декабри соли 1990 дар иҷлосияи 45-уми Ассамблеияи кулли  СММ қабул гардидааст, аз соли 1991 инҷониб дар  саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии калонсолон хабарнигори АМИТ «Ховар» аз  Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон  ва маъюбони  шаҳри Душанбе  боздид намуда, бо Муҳаббат Зарипова,  директори Маркази мазкур суҳбат анҷом дод.   Маркази калонсолон соли 1992 аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил гардида, соли равон 25-  солагии он таҷлил гардид.

DSC_0004«Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон  ва маъюбони  шаҳри Душанбе  яке аз беҳтарин марказ дар ҷумҳурӣ буда, он барои куҳансолон, буду боши муваққатии пиронсолон, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва он  афроде, ки дар ҳолати  душвори зиндагӣ қарор доранд, махсус гардонида шудааст»,- гуфт  дар суҳбат Муҳаббат Зарифова. Дар  зарфи  солҳои истиқлолияти давлатӣ дар муассисаи мазкур корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, алҳол дар  он  қариб  100 нафар бошанда ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, ки 75 нафарашон  сокинони пойтахтанд, яъне хонаи истиқоматӣ доранд ё дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд. 25 нафари дигар дар  ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта,  фарзандонашон аз онҳо  даст кашидаанд,  хонаашонро фурӯхтаанд ё худ дар нимароҳи тақдир  мондаанд. Ин гуна афрод аз се то шаш моҳ  дар Марказ нигоҳ дошта шуда, ба онҳо  хизмати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, равоншиносӣ ва  тиббӣ расонида мешавад. Инчунин дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута кумак расонида, ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо барқарор карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ онҳоро ба беморхона  хобонида,  табобат мекарданд. Агар зарурат бошад, аз комиссияҳои махсус гузаронида, ба онҳо гурӯҳи маъюбӣ медиҳанд  ва онҳо бо нафақа таъмин мешаванд. Баъди омода шудани  ҳуҷҷатҳо пиронсолон бо роҳхат барои буду боши доимӣ  ба хона –интернатҳо, ки дар шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент, ноҳияҳои Ёвон, Бохтар  ва вилояти Суғд фаъолият доранд,  фиристонида мешаванд. Онҳо дар хона-интернатҳо то охири умрашон зиндагӣ менамоянд. Синни бошандагони Маркази калонсолон  аз 45  то 90-соларо ташкил медиҳад.

DSC_0046DSC_0050

«Чунин табақаҳои аҳолӣ ҳамеша аз ғамхорию таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранд ва мо ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои кумаку дастгириҳояшон дар ин амри хайр арзи сипос баён менамоем»,- афзуд  директори Марказ. Ба андешаи Муҳаббат  Зарифова, кормандони Марказ корҳои душвореро анҷом медиҳанд. Фарзандоне ҳастанд, ки  як падару модарро парасторӣ карда наметавонанд,  вале дар ин Марказ 28 нафар корманд  ба бошандагон–куҳансолон кумакҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.

«Мо кӯшиш менамоем, ки бошандагони  Марказ –калонсолон яккаву танҳо будани худро эҳсос накунанд. Аз ин рӯ,  дар Марказ маҳфилҳои гуногун,  аз қабили «Дидор»,  маҳфили  дӯзандагӣ,   шоҳмотбозӣ, расонидани  ёрии аввали тиббӣ- равонӣ амал мекунанд»,-зикр кард М. Зарифова.  Марказ дорои китобхона буда, ба он аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳафтае  ду маротиба  китобҳои гуногун дастрас мегарданд. Барои болида ва хушнуд гардонидани рӯҳияи бошандагон   барномаҳои гуногуни  фарҳангӣ  гузаронида шуда, калонсолон ба  марказҳои фарҳангӣ, Театри русии ба номи Маяковский,  Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, боғҳои пойтахт, мавзеъҳои зебоманзару  бостонии кишвар, ба мисли Қалъаи Ҳисор, дараи Варзоб  ба сайругашт бурда мешаванд, то бо дастоварду пешрафтҳои ҷумҳурӣ, хусусан раванди бунёдкорию созандагии  пойтахти давлатамон-  шаҳри Душанбе шинос гарданд. Зеро онҳо ҳам  дар даврони худ барои рушду нумуи кишвар ва ободии пойтахт  меҳнати шоиста кардаанд.

DSC_0008Ҳамзамон Муҳаббат Зарифова таъкид кард, ки аз ҷониби шахсони ҳимматбаланду соҳибкорон ба бошандагони Марказ дар арафаи идҳои Рамазон, Қурбон  ва дигар ҷашнҳо кумакҳои хайриявӣ расонида мешаванд. Шахсони саховатманд ба аёдати калонсолон омада,  кумаки яквақта ва хӯроки гарм  оварда,  бо дастони  худ ба онҳо медиҳанд, дилбардорӣ мекунанд. 85% -и бошандагони Марказ русзабонҳо буда, солҳои охир калонсолоне, ки аз оилаҳои таҳҷоӣ ва соҳиби панҷ-шаш фарзанданд, низ ба марказ оварда мешаванд.

 

Вақте ҳолати равонии  бошандагонро мебинед,  бароятон хеле душвор  ва риққатовар аст, зеро падару модар бо умеде тифл ба дунё оварда,  ӯро бо орзую умед ба камол мерасонанд, ки дар айёми пирӣ асои дасташон гардад, вале баръакс, фарзандони бенангу ор имрӯз дар даврони пирӣ онҳоро ба чунин марказҳои калонсолон оварда мегузоранд ва ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида, дигар боре ҳам аз онҳо пурсон намешаванд. Бархе аз онҳо шароити иҷтимоию молиявии хонаводаҳояшонро сабаб нишон медиҳанд, вале ин баҳона шуда наметавонад.  Падару модарон дар айёми пиронсолӣ аз фарзандон қасру кӯшк, либосҳои  гаронбаҳо намехоҳанд,  онҳо ниёз ба сухани хуш, меҳрубонӣ ва муҳаббати фарзандон, ниёз ба як коса хӯроки гарм доранд. Мутаассифона,  имрӯзҳо чашми баъзе аз фарзандонро пулу молу дунё  кӯр намудааст, онҳо меҳру муҳаббати худро на ба падару модар, балки ба молу сарвати дунё  бастаанд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки чархи  гардун дар гардиш аст, замоне мерасад, ки онҳо ҳам пир мегарданд ва чӣ сарнавиште онҳоро интизор хоҳад буд…  Хуб мешуд фарзандоне, ки  ба волидайни худ дар айёми пиронсолӣ  чунин амалро раво мебинанд ва аз парастории онҳо саркашӣ мекунанд, муҷозот гарданд.

DSC_0031DSC_0042

Муҳаббат Зарифова афзуд, ки фарзандони бархе аз бошандагони Марказ дар хориҷи кишвар- дар Амрико, Италия, Канада умр ба сар мебаранд ва бархеи онҳо дорои сарвати зиёд- мағозаҳои бузурганд,  вале волидайни худро ба гӯшаи фаромӯшӣ партофтаанд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки волидайни онҳо дар  ҳолати бади равонӣ қарор доранд ва бисёре аз онҳо бо дилсардӣ бо ҳаёт падруд мегӯянд. Мо ният дорем, ки дар оянда дар Марказ утоқи компютерӣ  ташкил намоем, то бошандагони он тавассути  шабакаи интернет  фарзандони худро ёбанд ва бо онҳо мукотиба барқарор намуда, аз аҳволашон бохабар гарданд.

Падару модар болои сари фарзандон офтоберо мемонанд, ки субҳгоҳон тулӯъ намуда, шомгоҳон ғуруб менамояд. Пас, ин ганҷи бебаҳо- офтоби болои сари худро мебояд ҳамеша азизу гиромӣ дорем, то бо нурҳояш- меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба фарзанд манзиламонро мунаввару пурбаракат  гардонад.

DSC_0067 DSC_0039 DSC_0058

Мо набояд фармудаи ҳамдиёри бузурги хеш Ҳаким Носири Хусравро аз ёд бубарем, ки  гуфта:

Ба пирӣ хидмати модар падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2017 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд