БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Аз 126 адад дегхонаҳои буғии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 36 ададаш дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд

Октябрь 6, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пастшавии ҳарорати ҳаво дар кишвар аз омад-омади фасли зимистон хабар медиҳад.   Ҳамин аст, ки қабл аз фарорасии сардиҳо дар вазорату идораҳо корҳои омодагӣ ба давраи зимистон сурат мегиранд, то дар фасли зимистон мушкилот пеш наояд. Яке аз соҳаҳое, ки мардум ба он бештар ниёз доранд ва новобаста аз мавсими сол  пайваста ба он рӯ меоранд, соҳаи тандурустӣ  мебошад.

Дар бораи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Ҳафизов  ҳамсуҳбат гардид.

«Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, фаъолияти он тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шудааст.  Дар ҷаласаҳои ситод тамоми масъалаҳои марбут ба омодагии муассисаҳои соҳа ба мавсими зимистон мунтазам баррасӣ карда мешаванд»,-изҳор намуд С. Ҳафизов.

Ба гуфти мусоҳиб, бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 то 30 сентябри соли 2017 нақшаи захираи ангишт 7872,6 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 6520,4 тонна (82,8%), ҳезум 6962,9 м3 — дар асл 5401,7 м3 (77,6%), сўзишворӣ 82476 литр — дар асл 38488 литр (46,7%) захира карда шудааст.

Зикр шуд, ки муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дорои 1000 адад генераторҳои барқӣ буда,  барои истифодаи онҳо тибқи нақша захираи сўзишворӣ пешбинӣ гардидааст.

«Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҳамагӣ  126 адад дегхонаҳои буғӣ мавҷуд буда, айни ҳол 90 адад (71,4%) дегхонаҳо коршоям мебошанд, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 1 адад,  вилояти Хатлон 11 адад,  вилояти Суғд 40 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 адад, шаҳри Душанбе 6 адад ва муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 адад. Ҳамин минвол, 36 адад дегхонаҳо дар ҳолати корношоямӣ  қарор доранд. Аз ин рў барои  аз эътибор соқит намудани дегхонаҳои барқарорнашаванда  ба ҳамаи муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориши мушаххас дода шуд, ки онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида аз тавозун хориҷ намоянд. Инчунин рўйхати дегхонаҳои барқароркуниашон бесамар барои аз эътибор соқит намудан ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман пешниҳод гардид»,- баён дошт С. Ҳафизов.

 

 

Октябрь 6, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд