БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ: Муассисаҳои Академияи илмҳо бе мамониат аз оби гарми шабакаҳои гармидиҳии пойтахт истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи зимистони солҳои 2017 – 2018 амалиёти назоратии хидматрасонӣ татбиқ мегардад.
Тибқи маълумоте, ки аз шуъбаи сохтмони асосии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон ба мо дастрас гардид, биноҳои Раёсати АИ ҶТ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, Институти омўзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Китобхонаи ба номи Индира Гандии АИ ҶТ пурра аз таъмири асосӣ гузаштанд.
Бояд гуфт, ки ҳангоми сардшавии ҳарорат дар шаҳри Душанбе муассисаҳои мазкур бе мамониат аз оби гарми шабакаҳои гармидиҳии пойтахт истифода хоҳанд кард.
«Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ ва таъмиру пайваст намудани қубурҳои обгузари дигар биноҳои ба АИ ҶТ тааллуқдошта, аз қабили биноҳои Институти кимиёи ба номи академик В.И. Никитин, Институти физикаву техникаи ба номи академик С.У. Умаров, Институти математикаи АИ ҶТ, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ идома доранд ва таъмири асосӣ дар ин биноҳо дар рўзҳои наздик анҷом меёбад»,-илова намуд манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






