БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Таъмири иншооти обтаъминкунӣ барои таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи зимистон

Октябрь 12, 2017 11:20

ВАҲДАТ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ»  барои фаъолияти мунтазами  иншооти коммуналии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар ин бора масъулини корхона ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
То имрӯз мутахассисони корхонаи мазкур   ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ иншооти обтаъминкуниро таъмиру барқарор намуданд. Бо мақсади сарфакорона   ва мақсаднок истифода бурдани  маблағҳои буҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 50 адад ҳисобкунакҳо насб карда, 14 адад трансформаторҳои ҳудуди корхонаро бо равған пур намуда, корҳои профилатикӣ гузарониданд. 27 адад насосҳои обтаъминкунандаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро таъмир намуда, ҳамзамон се адад насосҳои обкашии тамғаи ЭЦВ-ро  дар шаҳрҳои Ҳисору  Ваҳдат васл карданд.   11 километр  хатҳои канализатсияро шуста, чоҳҳои онро барқарор намуданд. Кормандони корхона ҳамзамон 27 адад ғалақаҳо, 25 адад боми ҳуҷраҳои биноҳои маъмурӣ ва навбатдоронро таъмир намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин корхона барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 8 адад техникаи махсус, аз қабили  мошини бартарафкунандаи садамаҳо,  экскаватор, автокран, трактор, мотопомпа ва таҷҳизоти кафшергариро таъмир намуда, ба давраи зимистон омода намудааст.

Ҳамчунин 60 нафар мутахассисони корхона бо либоси зимистона ва пойафзоли мавсимӣ низ таъмин гардидаанд.

 

Октябрь 12, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад