Баъди таъмири канали обёрикунанда сокинони деҳаҳои Дерзуду Барзуди ноҳияи Рӯшон пурра аз об таъмин гардиданд
ХОРУҒ, 7.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи обрасонии деҳаи Дерзуди ҷамоати ба номи Назаршо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон дар натиҷаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон пурра таъмир ва барқарор карда шуд.
Масофаи канали обёрикунандаи деҳаи Дерзуд 15 километр буда, 12 километри он бар асари тармаву сел комилан хароб гарида, замину боғи сокинони деҳа ба сабаби беобӣ қариб пажмурда шуда буд. Дар таъмиру барқарорсозии канал 20 нафар аз сокинони деҳот ширкат намуданд. Муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Борут» Ёриддин Қаландаров, ки таъмири каналро бар зимма дошт, гуфт,ки «барои таъмиру навсозии канал Сафорати Япония дар Тоҷикистон бештар аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Азбаски канал дар доманакӯҳ ҷой гирифтааст, коргарон маҷбур шуданд, ки аксарияти масолеҳи бинокориро бо дасту пушти худ ба маҳали сохтмон интиқол диҳанд.
Сарфи назар аз чунин душворӣ онҳо тавонстанд дар муҳлати кӯтоҳ 12 километри каналро таъмир намоянд. Дар масофаи 200 метр каналро бетонпӯш карданд, то тармаву сел онро хароб накунанд».
Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хӯҷаназаров, Сафири фавқулода ва комилҳуқуқи Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар маросими сар додани оби канал ширкат доштанд. Раиси ноҳия аз ин кумаки бебозгашти Сафорати Япония дар Тоҷикистон изҳори сипос карда, баён дошт, ки ҳамаи ин ҳамкорӣ маҳз бо сиёсати дарҳои бози Ҳукумати ҷумҳурӣ имконпазир гардид. Ин бори аввал нест, ки сафорати Япония ба сокинони ноҳияи Рӯшон дасти мадад дароз мекунад. Аз ин пеш бо кумаки ин Сафорат Маркази саломатӣ ва шуъбаи касалиҳои дарунии беморхонаи ноҳиявӣ таъмир ва бо баъзе таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд.








Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






