Баъди таъмири канали обёрикунанда сокинони деҳаҳои Дерзуду Барзуди ноҳияи Рӯшон пурра аз об таъмин гардиданд

Октябрь 7, 2017 09:48

ХОРУҒ, 7.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи обрасонии деҳаи Дерзуди ҷамоати ба номи Назаршо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон дар натиҷаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон пурра  таъмир ва барқарор карда шуд.

Масофаи  канали обёрикунандаи деҳаи Дерзуд 15 километр буда, 12 километри он бар асари тармаву сел комилан хароб гарида, замину боғи сокинони деҳа ба сабаби беобӣ қариб пажмурда шуда буд. Дар таъмиру барқарорсозии канал 20 нафар аз сокинони деҳот ширкат намуданд. Муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Борут»  Ёриддин Қаландаров, ки таъмири каналро бар зимма дошт, гуфт,ки  «барои таъмиру навсозии канал Сафорати Япония дар Тоҷикистон бештар аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Азбаски канал дар доманакӯҳ ҷой гирифтааст, коргарон маҷбур шуданд, ки аксарияти масолеҳи бинокориро бо дасту пушти худ ба маҳали сохтмон интиқол диҳанд.

канали ДерзудСарфи назар аз чунин душворӣ онҳо тавонстанд дар муҳлати кӯтоҳ 12 километри каналро таъмир намоянд. Дар масофаи 200 метр каналро бетонпӯш карданд, то тармаву сел онро хароб накунанд».

Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хӯҷаназаров, Сафири фавқулода ва комилҳуқуқи Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар маросими сар додани оби канал ширкат доштанд. Раиси ноҳия аз ин кумаки бебозгашти Сафорати Япония дар Тоҷикистон изҳори сипос карда, баён дошт, ки ҳамаи ин ҳамкорӣ маҳз бо сиёсати дарҳои бози Ҳукумати ҷумҳурӣ  имконпазир гардид. Ин бори аввал нест, ки сафорати Япония ба сокинони ноҳияи Рӯшон дасти мадад дароз мекунад. Аз ин пеш  бо кумаки ин Сафорат Маркази саломатӣ ва шуъбаи касалиҳои дарунии  беморхонаи ноҳиявӣ таъмир ва бо баъзе  таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд.

Октябрь 7, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад