Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи аспдавонӣ ва кок-бору баргузор мешавад. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Тавре аз Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи кок-бору аз соати 09 то соати 14:00 давом намуда, мусобиқаи аспдавонӣ аз соати 14:00 оғоз мегардад.
Дар мусобиқаи кок-бору иштироки дастаҳои мунтахаби шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар назар дошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқа бо ширкати аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ, ахалтекинӣ ва дигар зотҳо роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.
Ғолибонро ҷоиза ва туҳфаҳои қиматбаҳо интизоранд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






