Бриан Муллис дар Фестивали «Рангоранг: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори калон барои рушди сайёҳӣ мавҷуд аст»
ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҷмааи давлатии «Боғи Ирам» бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси Роҳи абрешим таҳти унвони «Рангоранг» ва озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар фестивал барои меҳмонону сокинони пойтахт аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе гӯшаҳои фарҳангии минтақаҳо, намоиши мусаввараҳо ва намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, барномаҳои фароғатӣ ва консертӣ, инчунин намоиши таомҳои хоси миллатҳои гуногун пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, сафоратҳои ҷумҳуриҳои Афғонистон, ИМА, Эрон, Ҳиндустон, Россия, Арабистони Саудӣ, Япония, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо таомҳои миллии худро пешкаш намуданд.
Сокинони пойтахт ва меҳмонон аз фестивал дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд. Хусусан ба коршиноси байналмилалӣ оид ба идоракунии хатсайрҳо ва рушди устувори сайёҳӣ аз ИМА Бриан Муллис ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ хеле писанд омад. Ба андешаи ин коршиноси америкоӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори калон барои рушди сайёҳӣ мавҷуд аст. «Ман нахустин бор дар чунин намоишгоҳ ширкат мекунам. Ростӣ, аз кушодарӯиву меҳмоннавозии тоҷикон дар ҳайрат мондам. Моро бисёр хуш пешвоз гирифтанд. Ман гумон мекунам, ки дар баробари мероси ғании таърихӣ ва захираҳои табиӣ, фарҳанги волои меҳмоннавозии тоҷикон барои қабул кардани сайёҳони тамоми кишварҳо бисёр мувофиқ аст».
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов зикр намуд, ки Тоҷикистон тавонист дар фестивал ба таври возеҳ манзараҳои нотакрори табиӣ, ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, хӯрокҳои анъанавии миллӣ, хусусияти нодири шарқӣ, меҳмоннавозии самимиро дар сатҳи баланд инъикос намояд. «Тоҷикистон бояд бо чунин фарҳанги бою ғанӣ ифтихор кунад ва онҳоро ба дигар миллатҳо таблиғ намояд. Дар фестивал намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фарҳанги пухту паз, дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои дастиро, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ба таври шоиста намоиш доданд. Маълум аст, ки ҳар кадоми ин ҳунарҳо арзиши худро дорад».
Бояд зикр намуд, ки яке аз стратегияи муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин рушди сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои кишвари зебоманзари мо барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аст. Бинобар он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






