Бунёди мактаби нав мушкили хонандагони деҳаи Хоҷабулбулонро осон намуд

Октябрь 21, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 21.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Хоҷабулбулони  ҷамоати деҳоти Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағгузории Сафорати  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таълимии   дорои    120 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар маросими кушодашавии  муассисаи таълимӣ   Сафири фавқулода ва  мухтори  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока  зикр намуд, ки барои  сохтмони бинои мактаби мазкур   ҳукумати Япония ба маблағи 83 ҳазору 26 доллари ИМА  грант ҷудо  намуда,    ҶДММ «Интегрол» сохтмони онро ба уҳда дошт.

Муассисаи нави таълимиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ   бо мизу курсӣ,  воситаҳои айёнии таълим ва дигар лавозимоти замонавии мактабӣ  муҷаҳҳаз гардонидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки куҳнаю фарсуда гардидани бинои мактаби рақами №29 –и деҳаи Хоҷабулбулон, ки   солҳои 1953  бе пойдевор сохта шудааст, нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагони мактаби деҳаи мазкурро ба  миён оварда буд. Хушбахтона  бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   ва кумаки бебозгашти  ҳукумати Япония сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муаассисаи замонавии таълимӣ мушкили хонандагони деҳаи Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакиро  осон намуд.

Октябрь 21, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад