Чаро дар Хуҷанд 22 корхона аз фаъолият бозмонд?
ХУҶАНД. 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъбасти нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд давоми нуҳ моҳи соли 2017 масъалаи асосии маҷлиси фаъолони вилояти Суғд буд, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид. Зимни ҷаласа аз раванди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 102,9 дарсад иҷро ва ба буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 1 млрд. 188,9 млн. сомонӣ ворид гардида, иҷрои нақшаи буҷети маҳаллии вилоят низ 12,1 дарсад зиёд таъмин гардид. Гардиши савдои хориҷии вилоят ба 1 млрд. 474,9 млн. доллари амрикоӣ баробар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи сипаришуда ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шуда. Зикр гардид, ки 52 корхонаи нав қариб бо 500 ҷойи кор ташкил ёфтааст.
Дар ин давра кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба андозаи 4,7 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ҷаласа раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба кори бархе раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳои гуногун вобаста ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ эрод гирифт.
Аз ҷумла, яке аз эродҳо аз фаъолият бозмондани 22 коргоҳ дар шаҳри Хуҷанд ва вазифагузории роҳбарияти шаҳри Хуҷанд доир ба бартараф намудани 22 млн. сомонӣ бақияи қарзи андози ҷойдошта буд.
Ҳамчунин ба раиси шаҳри Бӯстон барои таъмини саривақтии маъракаи даъвати ҳарбӣ, ки ҳоло он ба 55 дарсад баробар аст, аз байн бурдани бақияи қарзи андоз, ки 18 миллион сомонӣ мебошад, ташкили корхонаҳои нав ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, ба раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои нохуш, сари вақт шунидани арзу дархости шаҳрвандон ва вусъати кишт дар гармхонаҳо, ба роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ доир ба суръати нокифояи ғунучини ҳосили пахта ва сафарбарнамоии саҳмдорон ба ҷамъоварии он, оид ба фаъолияти суст дар самти ташкили коргоҳҳои нав, қонуншиканӣ дар истифодаи замин, ба раиси шаҳри Панҷакент доир ба зиёд намудани майдони кишти сабзавот ва таъмини хоҷагидорон бо тухмиҳои серҳосил, сабаби афзоиши шикояту дархости сокинони Панҷакент ба мақомоти вилоятӣ ва ҳисоби дурусти омории он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин таъкид гардид, ки дар ин давра аз сабаби аз ҷониби шаҳру навоҳии Ашту Исфара ва Конибодому Спитамен иҷро нагардидани нақшаи буҷети давлатӣ, ба буҷети вилоят 9,7 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






