ДАР БАДАХШОН ҚОНУНИ ТАНЗИМРО ҶОНИБДОРӢ ВА РИОЯ МЕНАМОЯНД. Абдураҳмон Аламшозода дар Хоруғ ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ доир кард

Октябрь 4, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия  Абдураҳмон Аламшозода бо иштироки  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ роҳбарони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони Ситоди байниидоравӣ дар вилояти мазкур иброз доштанд, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни аҳолӣ хуб пазируфта шуда, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон онҳоро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ ва риоя менамоянд.

Ситод дар ВМКБ уДар ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ сатҳи ҷинояткориро дар ВМКБ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри таъмини суботу оромӣ дар вилоят, амнияти шаҳрвандон, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ дастуру супоришҳои роҳбари Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзодаро ба ҳозирин расонид.

Ҳамчунин Абдураҳмон Аламшозода ба иштирокдорони ҷаласа оид ба волоияти қонун, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди роҳҳои вилоят, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти берақами қайди давлатӣ, сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ, бо рақамҳои қайди дигар давлатҳо ва тронзитӣ сухан гуфта, ба аъзои Ситоди байниидоравии вилоят баҳри беҳтар намудани фаъолияти самтҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба зикри манбаъ дар хотимаи ҷаласа барои боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ аз ҷониби роҳбарони раёсатҳои вазорату идораҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.

Октябрь 4, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд