Дар Душанбе Ҳафтаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ҷамъбаст гардид

Октябрь 13, 2017 15:19

ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни як ҷамъомад Ҳафтаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар асоси усули экосистемавӣ ҷамъбаст гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҳамоиш хабар дод, ҷамъбасти ҳафта тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, ки муддати ин ҳафта дар қаламрави кишвар бо як силсила ҳамоишу суҳбатҳо ва мулоқоту машқҳо роҳандозӣ шуд, баргузор гардид.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова, баргузории ин гуна ҳамоишҳо дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард.

Бояд зикр кард, ки солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурии мо офатҳои табиӣ, мутаассифона, зиёд ба амал меоянд ва инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои табиӣ ва омода намудани аҳолӣ барои муқовимат бо он нақшаи чорабиниҳоро ба тасвиб расонид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ тибқи ин нақшаҳо амал мекунад.

 МЧС 3 МЧС 2 МЧС

Октябрь 13, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе