Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон вусъат меёбанд

Октябрь 6, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  корҳои  омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола  идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар яке аз кӯчаҳои Исмоили Сомонии пойтахт бо ҷараёни корҳои омодагӣ  аз наздик шинос шуд.

Масъулини  ноҳияи  Исмоили Сомонӣ баҳри омодагӣ ба мавсими мазкур ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ   тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Аз ҷумла, дар  кӯчаи  Беҳзод  коргарони шабакаҳои барқии  ноҳия дарахтонро  аз шохаҳои хушкида  тоза намуда,  ба иваз намудани ноқилҳои корношоям ва дигар корҳои  пешгирикунанда  машғул буданд.

1Тавре  устои  калони шабакаҳои барқии ноҳияи мазкур  Додарҷон Мирзоев  зикр кард, бо мақсади бехатарии роҳгузарон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон,   тамоми дарахтони кӯчаву хиёбонҳои ноҳияро  аз  шохаҳои  хушк тоза намуда менамоян,  зеро ҳангоми вазидани шамоли сахт, боридани  барфу борон  хавфи  ба болои одамон афтидан ва  осеб ёфтани онҳо вуҷуд дорад.

«Хамчунин ҳамаи ноқилҳои корношоямро иваз намуда, мутобиқати онҳоро ба фасли  сармо санҷида истодаем»,- афзуд Д.Мирзоев.

Кормандони  Муассисаи нигоҳдории роҳҳои  ноҳия ҳам дар кӯчаи мазкур ба корҳои ободонию  омодагӣ  машғул буданд. Онҳо бо мақсади сар назадани сел ҳангоми боридани борон  ҷӯйборҳоро   тоза, кӯпрукчаҳои болои онҳоро таъмир ва  бехи дарахтонро нарм,   навдаҳои  нодаркори буттаву  гулҳоро бурида,  ба тартиб медароварданд.

Хотиррасон менамоем, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар  иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум зимни барасиии масъалаи   омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои  пойтахт  бо қотеият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсонҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар ободонӣ ва  фароҳам овардани шароит  барои сокинон дар фасли сармо  саҳми арзанда гузоранд.

Раиси шаҳр ҳамчунин  масъулинро ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ,   инчунин барои дар оянда даст кашидан аз пошидани қуму намак дар роҳҳо ва ба ҷои он истифодаи моеъҳои замонавӣ, сари вақт ворид намудани техникаҳои коммуналии нав вазифадор намуд.

Ҳамчунин роҳбарони  соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, равған, орд, инчунин  ангишт ва

ҳезум  ҳамкориро  ҷиҳати захира намудани маҳсулоти номбурда бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор ҷоннок намоянд.

 

                                                                                 Рухсораи НУР,

                                                                                 АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 6, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд