Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 60 нафар ихтиёриён ба хизмати Ватан сафарбар шуданд
КӮЛОБ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/ Ҳамасола аз моҳи октябр дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи даъвати тирамоҳи ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб беш аз 60 нафар ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон ҳозир гардида, аз ташхиси тибби гузаштанд. Дар майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ҷамъомад доир гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон ҷавононро барои шомил шудан ба сафи Артиши Тоҷикистон табрик гуфтанд.
Зикр карда шуд, ки хизмати Модар- Ватан барои ҳар як ҷавонмард қарз аст. Дар маросим муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр дар назди меҳмонону навдаъватшудагон дар васфи Ватан -Модар ва Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






