ДАСТАИ ДӮСТДОШТАИ ХУДРО ҲАВОДОРӢ МЕКУНЕМ! КФ «Истиқлол» барои мухлисонаш ҷиҳати рафтан ба тамошои бозии футбол автобусҳои ройгон фароҳам меорад

Октябрь 26, 2017 17:34

ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   қарор кард, ки ба хидмати  мухлисони худ автобусҳои мусофиркашонии ройгонро фароҳам оварад, то бидуни мушкилӣ ба шаҳри Ҳисор рафта, аз тамошои бозии ниҳоии  Ҷоми КФО-2017 бархӯрдор шаванд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз   мухлисони футболи тоҷик хоҳиш карда мешавад, ки бо истифода аз ин нақлиёти ройгон баҳри дастгирии дастаи дӯстдоштаи худ ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҳозир шаванд ва дар ин вохӯрӣ футболбозони тоҷикро ҳаводорӣ намоянд.

Мухлисон  аз се нуқтаи пойтахт бо шумули  Маркази савдои «Садбарг», «Қасри теннис» ва бозори «Саховат» соати 14:30  метавонанд ба автобусҳои ройгон савор шуда, ба самти шаҳри Ҳисор   сафар  намоянд. Бозии ниҳоӣ  барои дарёфти Ҷоми КФО-2017 миёни  дастаҳои    «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва  «Эйр Форс»-и Ироқ   4 -уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор   сурат мегирад. Оғози бозӣ – соати 18.00.

Хотиррасон менамоем, ки доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017, ки дар он дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рақобат мекунанд, муайян шуданд. Сардовари ин  бозӣ рефери 39-солаи ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Аморати Муттаҳидаи Араб таъйин гардидааст. Дар канораҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш  Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадӣ ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрӣ кумак хоҳанд кард.

Октябрь 26, 2017 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд