Дастаи «Хуҷанд» ба гирифтани медалҳои нуқра наздик мешавад

Октябрь 19, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд баъди ғалабаи навбатӣ  бар дастаи  «Барқчӣ»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми Чемпионати  Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ мавқеи худро дар зинаи дуюм устувор кард. Голҳоро дар ин бозӣ Дилшод Бозоров дар дақиқаи 29-ум ва Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 38-ум ба нишон расониданд.

Ёдрас мешавем, ки барои медалҳои нуқраи имсола КМВА «Помир» низ муборизаро идома медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи  даври  17-ум

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 29 (1:0). Эҳсон Бобоев, 38 (2:0).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Рустам Ризоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Руслан Раҳматов, Абдусамад Хоҷибоев (Фарҳод Тоҳиров, 86), Эҳсон Бобоев, Ҳикматулло Расулов (Шоҳрух Раҷаматов, 76), Манучеҳр Ахмедов, Дилшод Бозоров (Давронҷон Тухтасунов, 80), Ҷаҳонгир Эргашев.

«Барқчӣ» (Ҳисор): Ҳомидҷон Исоқов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев (Шаҳром Самиев, 55), Саидмухтор Азимов (Муминҷон Забиров, 77), Ваҳдат Ҳанонов, Шериддин Бобоев, Далер Ёдгоров, Амирҷон Сафаров.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 16 13 3 0 50-7 42
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 19 11 3 5 39-16 36
3 КИВА «Помир» (Душанбе) 19 8 9 2 18-10 33
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 20 6 5 9 21-22 23
5 «Барқчӣ» (Ҳиссор) 19 6 5 8 18-23 23
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 20 5 6 9 16-27 21
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 20 4 4 12 23-47 16
8 «Ҳосилот» (Фархор) 19 4 3 12 14-47 15

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 9 тӯб.

 

Октябрь 19, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод