Доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми AFC-2017 байни «Истиқлол» ва «Эйр Форс» муайян шуданд

Октябрь 23, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми AFC-2017, ки дар он  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рақобат мекунанд, муайян шуданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сардовари ин дидор рефери 39-солаи ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Аморати Муттаҳидаи Араб таъйин гардидааст. Дар канораҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш  Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадӣ ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрӣ кумак хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки рақобати ниҳоии сабқати Ҷоми AFC-2017   4  ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии ҷавобии марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017-ро бо дастаи   «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:2 анҷом дода, аз рӯи натиҷаҳои ду дидор бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад ва роҳи худро ба даври ниҳоии ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ ҳамвор кард. Бозии ҷавобӣ миёни  дастаҳои «Истиқлол»-и  Душанбе  ва «Бенгалуру»-и Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Кантерава»-и шаҳри Бангалори Ҳиндустон сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид.

Бояд зикр кард, ки дастаи футболи «Истиқлол» дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, дастаи футболи   «Истиқлол», ки аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои ширкат ба бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт. Бояд гуфт, ки дар таърихи бошгоҳи пойтахти кишварамон ин бори дуюм аст, ки дастаи «Истиқлол»    ба финали Ҷоми КФО роҳ меёбад. Қаблан соли 2015 онҳо то ба ин марҳила расида буданд.

Дастаи   футболи «Истиқлол» -и Душанбе дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр доир мешавад, бо  дастаи футболи  «Эйр Форс»-и Ироқ, барандаи Ҷоми КФО-2016 рақобат мекунад.

Октябрь 23, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд