Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон карданд

Октябрь 16, 2017 13:01

ДУШАНБЕ, 16.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон  кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон намуданд. Дар ин росто Пешвои миллат зикр карданд, ки «мо кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем». Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуданд, ки пӯшида нест, ки пешбурди ҳама гуна иқдомоти созанда танҳо дар шароити субот ва амнияти пойдор имконпазир аст. Зимнан, мо чунин мешуморем, ки амнияту суботи комил дар кишварҳои арабӣ омили калидии рушди ҳамаи давлатҳои исломӣ мебошад.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдори ҳалли мусолиматомезу одилонаи ҳамаи низоъҳо ва буҳронҳое мебошад, ки ҳоло дар кишварҳои алоҳидаи мусулмонӣ ҷараён доранд. Бо дахли ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳои  арабӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон афзуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳони араб робитаҳои ҳасанаи дуҷонибаву бисёрҷонибаро барқарор намуд ва мо аз сатҳу муҳтавои онҳо қаноатмандем.  Имрӯз ҳамкории мо бо кишварҳои арабӣ дар ҳоли рушду тавсеа қарор дошта, заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба бо онҳо пайваста такмил меёбад. Байни кишварҳои мо муколамаи муназзами сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва мубодилаи сафарҳои расмӣ дар сатҳи олӣ ва баланд мунтазам сурат мегирад. Бо ин ҳама, зикр бояд кард, ки дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол ҳамкории мо ба таври муносиб ба роҳ монда нашудаанд. Имрӯз ҳиссаи кишварҳои арабӣ дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним фоизро ташкил медиҳад. Ва ин дар ҳолест, ки мо кишварҳои арабиро ба ҳузури бештари иқтисодӣ, иштироки фаъолона дар сармоягузорӣ ва истифодаи муштараки захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон пайваста даъват ва ташвиқ мекунем.

Президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки мушоҳида мешавад, ки аксари давлатҳои пешрафтаи арабӣ дар самти тиҷорату сармоягузориҳо таваҷҷуҳи бештар ба давлатҳои ғарб доранд. Дар баробари ин, давлатҳои мо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ доранд, ки онҳоро метавон дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар ҳамдастӣ бо давлатҳои арабӣ истифода намуд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки «ман ба ҳайси Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарият ва ҳайатҳои гуногуни кишварҳои арабӣ, чи дар сатҳи дуҷониба ва чи дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, борҳо ин нуктаро таъкид кардам».

Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои муассири рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ фароҳам сохтани фазои шаффофу мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Дар ин росто бо дахли  шароит ва фазои сармоягузорӣ дар кишварамон Президенти ҷумҳурӣ  таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани чунин фазо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.  Бо ин мақсад, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад. Дар қонунгузории мо бо мақсади беҳбуд бахшидан ба шароити сармоягузорӣ зиёда аз 70 намуди имтиёз барои сармоягузорӣ ва 240 номгӯй сабукиҳо дар бахши андоз пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин баробарҳуқуқии сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии ҳуқуқи сармоягузорон, дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ ва ҳимояи қонунии манфиатҳои сармоягузорон аз ҷумлаи кафолатҳое мебошанд, ки дар қонунҳои кишвари мо муқаррар карда шудаанд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои арабӣ имкон доранд, ки бо истифода аз имконияту имтиёзҳои зикршуда бо ширкатҳову муассисаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон ҳамкории созандаро ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ намоянд. Захираву сарватҳои бойи табиӣ ва табиати нодиру нотакрори Тоҷикистон барои сармоягузорони арабӣ манбаи даромади зиёд шуда метавонад.

Октябрь 16, 2017 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд