ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал қувва меозмояд

Октябрь 10, 2017 09:15

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бо дастаи мунтахаби Непал  вориди майдон мешавад.  Ин вохӯрӣ соати 18:00 оғоз меёбад.

Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Ҳаким Фузайлов ва бозингари моҳир Дилшод Восиев ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд. Аз ҷумла, сармураббии даста иттилоъ дод, ки бо ҷалби бозингарони ҷавон, чун Шериддин Бобоев аз дастаи “Барқчӣ” хати ҳамлаи дастаи мунтахаб  тағйир меёбад ва минбаъд ин бозингар дар вохӯриҳо истифода хоҳад шуд.

tajikistan-press1Ӯ афзуд: «Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳар як бозӣ муҳим аст ва мо дигар ҳуқуқи аз даст додани ягон имтиёзро надорем. Бозингарон омодаанд, ки дар ҳар вохӯрӣ танҳо барои ғалаба ба майдон бароянд».

Дилшод Восиев, ки миёни мухлисони дастаи мунтахаб ва “Истиқлол”- и Душанбе маҳбубияти зиёд пайдо карда, ҳангоми ба майдон омадан бо кафкӯбӣ истиқбол мешавад, ба мухлисон муроҷиат карда, гуфт: «Мо бо дастгирии мухлисон вазифаи ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё баромаданро ҳал хоҳем кард, аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки ба боварии онҳо сазовор бошем. Биёед ва бозиро тамошо кунед».

 

nepal-pressКодзи Гёдокуи японӣ, сармураббии дастаи мунтахаби Непал ҳам аз дастпаваронаш боварӣ дорад, ки дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз ба кишвараш бармегарданд. «Мо дар бозии аввал дар майдонамон аз футболбозони тоҷик бо натиҷаи 1:2 мағлуб шудем ва ин навбат кӯшиш мекунем, ки қасди он бохтро бароварда, ба Непал бо ғалаба баргардем. Футболбозони мо танҳо ғалаба карданианд».

Дастаи мунтахаби Непал дар раддабандии FIFA бо 101 имтиёз дар зинаи 175-ум (дар Осиё-37) қарор дорад. Дар ин нишондод Тоҷикистон дар мақоми 140-ум (дар Осиё-25) мебошад.

Октябрь 10, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд