ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Душанбе маросимҳои тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 сентябри 2017 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ» дар пойтахт даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар чор ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ маросимҳои тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаҳои фарҳангию ташвиқотӣ бо ташаббуси комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт доир гардиданд. Ба барномаҳои фарҳангии мазкур ҷавононе, ки бо ҳоҳиши худ барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳозир шудаанд, ҳамчун меҳмонони фахрӣ ҳамроҳ бо волидайнашон даъват гардиданд. Шумораи ин ҷавонони шуҷоъ аз ҳар ноҳияи пойтахт аз 50 то 60 нафарро ташкил медод.
Дар ҷамъомадҳо ҳамчунин собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаи ҳарбии кишвар, комиссарони ҳарбӣ ва падару модарони даъватшудагон иштирок намуда, ба наваскарон барои азми хизмати ихтиёрӣ ба Ватан таҳсину офарин хонда, зикр карданд, ки ин иқдоми онҳоро метавон қадами аввалини ҷасурона дар роҳи ҳифзи марзу буми меҳан номид.
Даъватшудагон омодагии ҳамешагиашонро баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Тоҷикистон изҳор намуда, зикр карданд, ки лозим ояд баҳри ҳимояи Модар – Ватан ҷони худро дареғ намедоранд.
Ба маросимҳои тантанавӣ суруду таронаҳои ватанпарваронаи санъаткарон ва намоиши машқҳои зебои ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






