Имкониятҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл вохӯрии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Им Сон Нам баргузор гардид.
Дар оғоз ҷонибҳо 25-умин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубиро табрик гуфта, аз имконияту захираҳои истифоданагардидаи ҳарду кишвар ёдовар шуданд.
Зимни вохӯрӣ муовини Сарвазири мамлакат ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷалби сармоя, корхонаҳои бонуфузи саноатии Кореяи Ҷанубӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак барои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии тарафҳо баён намуд.
Дар радифи дигар имкониятҳо тарафҳо тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кореяро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ низ мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин ба муовини Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи “муҳоҷирати меҳнатӣ ” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ изҳор намуд, ки ҷиҳати баррасии лоиҳаи Созишнома Комиссияи корӣ таъсис дода шуда, масъала мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифт.
Вохӯрии тарафҳо дар фазои якдигарфаҳмию дӯстона баргузор гардид.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






