Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони пойтахт коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 19.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таълиму тарбия, пеш аз ҳама, аз оила оғоз меёбад ва муҳимияти ин масъала дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври намоён дарҷ гардидааст. Падару модаронро мебояд масъулияти бар дўш доштаашонро ҳис намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба амалу кирдорҳои ношоиста даст зананд. Ин матлабро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Фотеҳ Қунғуротзода зимни вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино баён дошт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мутобиқи нақшаи тадбирҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101-и ноҳияи Сино бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Фотеҳ Қунғуротзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Азизӣ, директорону устодон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, падару модарон, намояндагони ҷамоатҳо ва масъулини РВКД дар шаҳри Душанбе вохўрии судманд баргузор гардид.
Ба иттилои Фотеҳ Қунғуротзода, танҳо дар зарфи 9 моҳ зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохўриҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсей ва мактабу маҳаллаҳо ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт коҳиш ёфта, содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон то 22,2 фоиз ва миёни ҷавонон то 3,7 фоиз паст гардидааст.
Зикр шуд, ки бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирандешиҳо рафтори бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур мондааст. Онҳо вақти худро дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои дорои хусусияти зўроварӣ машғул мешаванд. Танҳо дар ин давра қариб 5 ҳазор нафар ноболиғ кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ содир намуда, барои ин корашон аз ҷониби кормандони милитсия ба шуъбаҳо бурда шудаанд. Аз ноболиғони дастрасшуда 2824 нафарашонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд, ки ин ҳолат аз бемасъулиятии бархе падару модарон шаҳодат медиҳад.
Мавсуф инчунин оид ба муноқишаҳои гурўҳии хонандагону донишҷўён, дағалрафториву муносибати ҷавонон, беназоративу омилҳои ба ҷиноят ва ҳар гуна корҳои ношоиста даст задани баъзе наврасон бо далелҳои мушаххас ибрози андеша намуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






