МЕҲРГОН-РАМЗИ ХОНИ ПУРНОЗУ НЕЪМАТ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Иди ҳосилро таҷлил намуданд

Октябрь 21, 2017 10:49

ДУШАНБЕ, 21.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил  карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар саҳни Донишкада аз ҷониби донишҷӯён навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногун  пешниҳод гардиданд, ки ҳар кадом аз хони бою таърихи куҳан доштани мардуми тоҷик ҳикоят мекарданд.  Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи деҳқонони мамлакат пешниҳоди бинандагон карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби донишҷӯён барномаи консертӣ, қироати шеъру суруд манзури бинандагон гардид, ки аз маҳорати воло ва шавқу рағбати донишҷӯён ба санъату мусиқӣ дарак медод.

Дар ҷараёни баргузории ҷашн ректори Донишкада Хайриддин Идиев зикр намуд, ки «Меҳргон ҷашнест, ки  ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукўҳи он башорати рӯзгори босаодат аст. Тамоми ин нозу неъмат ва таҷлили бошукӯҳи идҳои ниёгон самараи Истиқлолият мебошанд ва моро мебояд, ки ба қадри истиқлолият- ин неъмати бузургу бебаҳо расем».

Октябрь 21, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад