«Misrnewsagensy»: «Ҳизби Наҳзати исломӣ барои расидан ба қудрат чодари дин ба бар кард»

Октябрь 28, 2017 12:42

ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 17-19 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира Конфронси дуюми байналмилалии муфтиёни кишварҳои мусулмоннишини ҷаҳон дар мавзӯи «Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа» баргузор шуд. Дар он  раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидмукаррам Абдулқодирзода   иштирок ва суханронӣ  нгамуд. Сомонаи агентии иттилоотии давлатии Миср «Мisrnewsagensy.com»   26 октябри соли 2017 вобаста ба кори конфронси мазкур мақолаи Муҳаммад Абдулмаҷидро бо сарлавҳаи «Ҳизби Наҳзати исломӣ барои расидан ба қудрат чодари дин ба бар кард» нашр кардааст. АМИТ «Ховар» мақолаи мазкурро ба шакли мухтасар пешкаши хонандагон мекунад.

Давоми се рӯз (17-19 октябри 2017) дар Қоҳира кори Конференсияи дувуми байналмилалии Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон зери унвони «Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа» идома ёфт. Дар ҳошияи Конференсияи мазкур вазирон, муфтиҳо, сафирон, олимон, пажӯҳишгарон ва ходимони давлатӣ аз 63 кишвари дунё иштирок доштанд. Иштироккунандагон дар рафти Конференсия мушкилаҳои имрӯзаи олами Исломро мавриди баҳс қарор дода, қазияи фатвоҳои бегона ва такфириро сархати барномаи худ қарор доданд.

Новый рисунок (1) Иштирокчиёни Конференсия хостгори ҳарчӣ зудтар таъсис додани «Аҳдномаи ҷаҳонӣ» гардиданд, ки дар он нашри усул ва чорчӯби содир намудани фатво навишта мешавад. Ин иқдом сабаби пешгирӣ аз фатвоҳои бегона ва такфирӣ хоҳад гардид. Бори дигар аз тамоми ҳайатҳо дархост гардид, то ҷиҳати риоя намудани бандҳои ин Аҳднома ҷиддият зоҳир намоянд ва ҳамчунин фатвоҳои тунгароёнаро бо тамоми навъҳояш пешгирӣ намоянд.

Шайхи Азҳар профессор Аҳмад Тайиб дар рафти суханронии худ аз ҷойгоҳи баланди аҳли илм ва аҳли фатво ном бурд. Ӯ таъкид намуд, ки солҳои ахир болои донишмандон рӯзҳои вазнине омадааст, ки аҳли илми имрӯза ҳамаи инро бардошт намуда, аз мероси ниёгони мусалмонҳо бо тамоми ҳастии худ дифоъ мекунад. Имрӯзҳо мероси ниёгони мо аз ҷониби бесаводон ва камхирадон, ки худ на одоби сухан ва на илму фарҳангро доро ҳастанд, мероси зиёда аз яку ним миллиард мусалмонро паст мезананд. Яку ним миллиард мусалмон, ки ба ин мерос ҷойгоҳи хосса бахшида, ҳамзамон аз интимо ба он мефахранд. Онҳо шабу рӯз ҷавононро зери шиорҳои бардурӯғ ба монанди «озодӣ», «эҷодкорӣ» ва «ҳаққи таъбир» фирефта намуда, доимо ба дин рахна мезананд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои ахир узви доимии Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон гардид, таъкид намуд, ки фатво дар дин ҷойгаҳи хоссаи худро доро мебошад. Фатво барои ҳар шахси китобхон мухассас нагардидааст, зеро таъсири он бар ҷамъият хело вазнин воқеъ мегардад. Ва бояд аз ин илм танҳо соҳибони аслии он ҳимоя кунанд. Ин суханонро Имом Шотибӣ таъкид намуда, фармудааст: «Муфтӣ дар ҷамъият ба мақоми Пайғамбари Худо дар байни умматаш мебошад». Ӯ бо ин гуфтаҳо бори дигар таъкид намуд, ки фатвои дуруст – ин сабаби оромию суботи ҷамъиятҳо ва таъмингари сулҳ барои шаҳрвандон мебошад. Зеро фатво агар аз шахсони ноаҳлаш содир гардад, он гуфтаҳо сабаби барҳам задани ҷамъиятҳо мегардад.

Муфтии Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб намуд, ки чӣ гуна роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ ҷуръат намуда, барои пайравони хеш фатвоҳои бегона содир менамоянд. Онҳо бо ин кирдори ношоистаи худ ҷавонони холимағзро ба қатори гурӯҳҳои тундгаро ҷалб менамоянд. Таълимоти дини Ислом ҳамеша бар зидди ҳамагуна намуди зуроварӣ, азроҳзании фикрҳои ҷавонон ва барҳамзании амнияту суботи кишвар мебошад. Мутаассифона, то имрӯз ҳамаи ин гуфтаҳо аз ҷониби роҳбарони Ҳизби наҳзати террористӣ мушоҳида мегарданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода барои пешгирии фатвоҳои террористон, ки бо ҷавҳари Ислом зид аст ва аз ҷониби шахсони ҷоҳил содир мегарданд, даъват намуд. Зеро ин намуди фатвоҳо сабаби рехтани хуни мардуми бегуноҳ гардида, ҳуқуқу озодии онҳоро поймол месозад. Хусусан, агар он шахсиятҳо ба фикрҳои заҳролуди тундгароён олуда шуда бошад, онҳо аз шахсияти исломӣ берун қарор мегиранд.

Баъд аз хотимаи суханронии   Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки дар он сарнавишти рӯзҳои вазнини кишварро ба сабаби Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз ҷумлаи гурӯҳҳои тундгарои террористӣ ба шумор меравад, нақл намуд. Хабарнигорон суханони ӯро хуш қабул намуда, барои суҳбат бо Муфтӣ нишасти хабарӣ омода намуданд.  Гап сари он мерафт, ки Ҳизби наҳзат ва гурӯҳи «Ихвонулмуслимин» дар атрофи як ҳадафи тахрибкорона таъсис гардида, ҳардуи он душмани мардуми Тоҷикистон ва Миср ба ҳисоб мераванд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода ба хабарнигорон таъкид намуд, ки кишвараш дар давоми ду аср ба сабаби фатвоҳои содирнамудаи роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ азиятҳо мекашад. Ҳизби наҳзат ҷомаи динро бар тан намуда, ҳадафаш расидан ба курсии ҳукм мебошад. Натиҷаи рафторҳои ин ҳизб, дар оғози Истиқлолияти кишвар аз Иттиҳоди Шуравӣ, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ бурда расонид. Ин ҷанг муддати панҷ сол идома кард. Ин мусибат танҳо пас аз имзои созишномаи сулҳ хотима ёфт. Дар асоси ин созишнома ҳизби наҳзат дар таъсиси ҳукумати нав ҳамшарик гардид. Мардуми тоҷик мардуми сулҳпарвар мебошанд. Ҳизби наҳзат дастовардҳои ноилгардида, шарокат дар ҳукумат ва зиндагии осоиштаро барои худ ночиз шуморида, иқдом ба амалҳои террористӣ намуд. Ӯ мехост бо истифода аз гурӯҳҳои силоҳбадаст дар кишвар бетартибиҳои оммавӣ эҷод намуда, ба сари қудрат биёяд.

Ӯ илова намуд, ки дар давоми панҷ соли гузашта 45 нафар аз аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ, даст доштан дар амалиётҳои террористӣ ва кушиши тағйири мусаллаҳонаи Ҳукумати конститутсионӣ, дастгир шуданд.

Ӯ ишора намуд, ки натиҷаи тафтишоти ҳодисаи куштани 25 сарбоз дар водии Рашт соли 2010 нишон дод, ки роҳбарони Ҳизби наҳзат дар ин ҷинояти сангин дар якҷоягӣ бо гурӯҳи Ансоруллоҳи террористӣ шарик мебошанд. Ин ҷиноят зери роҳбарии Давлатов Алоуддин машҳур бо лақаби “Бедакӣ”, Раҳимов Абдулло, машҳур бо лақаби “Мулло Абдулло” анҷом дода шуд. Ҳамчунин даст доштани Раиси ҳизби наҳзат дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин расман ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайваст гардидааст. Ӯро ҳангоми фурухтани моддаҳои химиявӣ ба гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ, ки қасди аз он омода намудани моддаҳои таркандаро доштанд, дастгир карда шуд.

Тибқи далелҳои исботгардида, Давлатов Алоуддин яке аз фаъолони гурӯҳҳои террористӣ дар водии Рашт ба шумор мерафт. Ӯ зери роҳбарии Мулло Абдулло чандин ҳуҷумҳои мусаллаҳона бар зидди сарбозон, афсарон ва камингоҳҳои низомӣ анҷом додааст. Ҳамчунин сардори дафтари Ҳизби наҳзат дар ноҳияи Хоруғ Карамхудо Шерик Илишбеков ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайваст гардида, дар бетартибиҳои моҳи июли 2012, ки дар шаҳри Хоруғ рух дод, ширкат варзид. Ӯ бо истифода аз силоҳи оташфишони “калашников” ва “норинҷак” ба намояндаҳои Ҳукумат ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дод.

11 августи 2015 10 нафар аъзоёни Ҳизби наҳзат парчами ДОИШ-ро дар болои пули деҳаи “Шошмо”-и ноҳияи Норак баланд афрохтанд. Дар ин қазия Саидов Д., Фозилов Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. дастгир шуданд. Ҳамаи ин номбурдаҳо аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, амали онҳо ҳадафҳои террористӣ ва эҷод намудани мушкилиҳои сиёсӣ ва динӣ дошт. Ҳамаи ин ҷиноятҳо зери роҳбарии Манонов Қурбон анҷом дода шуданд.

Ӯ илова намуд, ки соли 2015 Ҳизби наҳзат бо роҳбарии собиқ ноиби Вазири мудофиаи ҶТ, ки яке аз аъзоёни Ҳизби наҳзат ҳисобида мешавад, ба мақсади инқилоби мусаллаҳона даст ба ҷиноятҳои сангин зад. Дар партави ин қазия, ҳамаи ҷинояткорон дастгир шуда, дар асоси ҳукми Додгоҳ ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Баъди ин ҳодиса, Суди олии ҶТ фаъолияти Ҳизби наҳзатро манъ намуда, ҳизбро ба рӯйхати ҳизбҳои террористӣ-экстремистӣ дохил намуд.

Дар радифи қарори Суди олии ҶТ Созмони ҳамкории Шанхай ва Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти навбатии худ соли 2016, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар қатори дигар гурӯҳҳои террористӣ ба монанди ДОИШ, ал-Қоида ва ҷамоати “Ансоруллоҳ” ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ворид намуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода ишора бар он кард, ки идеологияи Ҳизби наҳзат аз идеологияи гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” дар Миср сарчашма мегирад. Роҳбари Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, бо Президенти собиқи Миср Муҳаммад Мурсӣ ба шакли пинҳонӣ вохӯрӣ анҷом дода буд. Баъд аз ин вохӯрӣ, бо роҳбарияти Дафтари “Ихвонулмуслимин” низ дидан намудааст. Ҳамаи ин барои ҳарчӣ бештар  пайдо намудани дастгирӣ аз ҷониби хоҷагони худ бар зидди Ҳукумати кунунӣ мебошад. Гумроҳӣ то дараҷае расидааст, ки ҳангоми интихоботи парлумонии соли 2015 фатво содир намуданд, ки ҳар касе, ки ба манфиати Ҳизб овоз намедиҳад, ӯ кофир аст.

Онҳо бардавом кушиш доранд, то дар ҷамъият фитна эҷод намуда, дурӯғу буҳтонҳоро бар зидди Ҳукумат паҳн намоянд. Гӯё дар дохили кишвар озодии дин вуҷуд надорад ва гӯё Ҳукумат ҳуқуқи шаҳрвандии диндоронро поймол мекунад. Бо вуҷуди он ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият мекард, имрӯзҳо ин адад ба 4000 масҷид расидааст. Адади зоирони Хонаи Худо дар тӯли 70 соли ҳокимияти Иттиҳоди Шуравӣ ҳамагӣ 76 нафарро ташкил медод, аммо имрӯз ин адад ба фазилати Истиқлоли кишвар ба 200 ҳазор ҳоҷӣ расидааст.

Ӯ таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати ҳакимонаи Ҳукумати имрӯза Маркази омӯзиши илмҳои исломии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Шӯрои уламои назди Маркази исломӣ таъсис дода шуд. Донишгоҳи бо номи Имом Абу Ҳанифа таъсис дода,  Донишгоҳи исломӣ азнавсозӣ ва ба кор дода шуд. Илова ба ҳамаи ин гуфтаҳо, тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ, тарҷумаи суханҳои Пайғамбари Худо, нашри китобҳои Имом Абу Ҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва дигар бузургони исломӣ амалӣ гардид. Тайи чанд соли ахир устодон аз Донишгоҳи Азҳари шариф дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон барои донишҷӯён дарс мегӯянд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода  гуфт, ки мавқеи роҳбарияти кишвар дар масъалаи дин мавқеи дилгармкунанда мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон чандин маротибаҳо таъкид намуданд, ки Ислом бо терроризм ҳеҷ робитае надорад. Терроризм дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад. Фарҳанги мардуми тоҷик бо муқаддасоти динӣ иртиботи наздик дошта, Ҳукумат ҷанбаҳои динию фарҳангии шаҳрвандони худро доимо ҳимоя мекунад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода  ишора намуд, ки кишвараш аз дигар кишварҳои халиҷӣ ва арабӣ фарқи назаррас дорад. Мо дарҳои масҷидҳои худро ҳатто баъд аз вақтҳои намоз намебандем. Конститутсия барои шаҳрванд озодии диниро ба гунае, ки дуруст аст, кафолат медиҳад. Ӯ ишора намуд, ки дар Тоҷикистон насрониҳо ва шиаҳои исмоилия дар минтақаи Бадахшони куҳӣ  зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин  идҳои динӣ ва дигар расму оини мусалмонӣ ба шакли озод дар кишвар ҷашн гирифта мешаванд.

Ӯ ишора бар он кард, ки таъсисдиҳандагони Ҳизби наҳзати террористӣ ба равияи Саид Қутб ва гурӯҳи «Ихвонумуслимин» дар Миср мутаассир гардида, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Натиҷаи ин ҷанг бо харобию валангорию таркишҳою суйиқасдҳо анҷомида, 150 000 тоҷик дар ин кашмакашиҳо ҷони худро аз даст доданд. Амали онҳо боис гардид, ки кишвар ба чандсолаҳо ақиб монд, аммо ниҳояти кор Худованд онҳоро ба сабаби рафторашон ба мушкилиҳо гирифтор намуд. Хаёл доштанд, ки соли 2015 ба курсии давлат мерасанд. Мехостанд, то кишварро бори дигар ба хароб сохта, фарҳангу тамаддуни онро ба монанди кишварҳои зери нуфузи ДОИШ ва «Ҷабҳатуннусра» барҳам зананд. Баъди эълони Ҳизби наҳзат ҳамчун Ҳизби террористӣ роҳбарони он ба хориҷи кишвар фирор намуданд.

Абдуқодирзода  илова намуд, ки Ҳизби наҳзат китобҳои такфирии Саид Қутб ва Муҳаммад Қутбро дар тамоми умури зиндагӣ дастури худ қарор медиҳанд. Онҳо бо Ихвониҳои Миср дар тамоси доимӣ қарор доштанд. Онҳо аз ҷониби давлати Эрон барои торумор намудани Тоҷикистон маблағгузории бардавом мешаванд.

Ӯ изҳор дошт, ки кишварҳои абарқудрат ба мақсади тафриқаи мусалмонҳо бо истифода аз шахсоне, ки онҳоро бардавом маблағгузорӣ мекунад, дар байнашон фитна меандозад. Оятҳои «ҷиҳод» ва «ҷанг»-ро дар Қуръони карим ба шакли хато тарҷума ва шарҳ дода, барои куштани мардуми бегуноҳ амр мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки даъват ба Дини ноби Ислом танҳо дар чорчуби тавони инсон амалӣ мегардад.

 

Октябрь 28, 2017 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад