Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян
ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбати самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25-соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон дар моҳи июни соли равон ба даст омада, заминаи мусоид ва имконияти фарохеро барои рушуду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатии манфиатбор фароҳам меоварад.
Дар ҳамин робита изҳори умедворӣ карда шуд, ки сафари Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумониии Тоҷикистону Арманистон такони тоза мебахшад.
Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва равобити байнипарлумонию ҷамъиятӣ ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СММ, САҲА, ИДМ ва СААД фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Мусоҳибон таъкид намуданд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро беш аз 30 санад ташкил медиҳад, ки ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои гуногун ба танзим медароранд.
Мавқею назари ҳамсон ва ё наздики ду давлат дар бисёр масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир низ таъкид карда шуд.
Вобаста ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳамчунин масъалаи таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ ва роҳҳои ҳалли сулҳомези муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои олам мавриди муҳокима қарор дода шуд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






