Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ

Октябрь 14, 2017 12:54

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дар назди иштирокчиёни сершумор суханронӣ карда, нахуст ба ҳамаи соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар “Рӯзи соҳибкорон” комёбӣ ва муваффақият орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории мулоқотро фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат маънидод карданд. Тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ аз мақсадҳои дигари мулоқот арзёбӣ гардид. Ҳамчунин дар мулоқот масъалаи рушди имкониятҳои содиротии мамлакат ва мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорон ҷойгоҳи хоса дошт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз хадафҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии соҳибкорӣ таъкид доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, аз соли 2015 то ба имрӯз дар кишвар 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад. Дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд. Умуман, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар даҳ соли охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба андозаи то 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ таъсис дода шаванд ва даромади пулии аҳолӣ чор баробар афзоиш ёбад. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли пеш аз 83 фоиз ба 30 фоиз расонида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид доштанд, ки ислоҳоти амалигардида ва фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид ва тибқи арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ мавқеи дуюм ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи чорумро ишғол намуд.

Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад.

Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва саҳми онҳо дар пешрафти бахши соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад ва барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Вобаста ба иҷрои ҳадафҳои роҳбарияти давлат дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон — Нигина Икромова, Файзалӣ Раҷабов, муовини роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристина Лаабс, роҳбари ҳайати соҳибкорони Афғонистон, вакили Парлумон Саид Икром, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ Дадахон Очилов, Искандар Орифов, Парвиз Муллоев, Назира Дилёбова, табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ, тарроҳ Мукаррама Қаюмова, Асадшо Зоҳиршоев, Раъногул Қурбонова ва Ҳусейн Сафаров суханронӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар фазои сармоягузории кишвар, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва сиёсати дарҳои боз изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки ҳамаи вазифаҳои дар пешгузоштаи худро оид ба мусоидат ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври самаранок иҷро менамоянд.
Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ 14.10.2017

Октябрь 14, 2017 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид