Муроҷиатномаи варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба унвони Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Октябрь 9, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ба  сомонаи АМИТ «Ховар»   Муроҷиатномаи   варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба унвони  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар  мавриди  дастгирии ҳамаҷониба дар рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар пойтахт  ворид гардид.

Дар Муроҷиатномаи мазкур,   аз ҷумла  омадааст: «Имрӯз бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботу якпорчагии Ватани ободу осуда, мо – ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе  дар партави сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро насли   хушбахт  меҳисобем, зеро   дастгирии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро  сари ҳар  қадам бо фараҳмандӣ эҳсос менамоем.

Ифтихор ва толеи баланди мост, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш ба яке аз самтҳои пурарзиш дар меҳвари нақшаву барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор гирифта, дар ин раванд ба манфиати насли наврасу ҷавон татбиқ гардидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ нишонаи олии қадршиносӣ ва эътимоди Шумо ба ин насл аст.

Дар пойтахт танҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2017 барои сохтани 76 адад майдончаҳои варзишӣ ва иншооти фароғатӣ асос гузошта шуда буд, ки то  имрӯз  қариб ҳамаи онҳо  ба  истифода дода шудаанд. Инчунин дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо дастгирии Шумо дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — калонтарин аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат дар майдони 20 000 метри мураббаъ мавриди истифода қарор дода шуд, ки намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи истироҳативу фароғатӣ барои наврасону ҷавонон маҳсуб мешавад.

Ин аст, ки имрӯз мо якдилона барои сипосгузорӣ аз ин ғамхорӣ ба хотири ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар тамоми иншооти сохташуда ба машғулиятҳои сабуки тарбияи ҷисмонӣ ҳозир шудем.

Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориву садоқати падаронаи Пешвои миллат ва Шумо, муҳтарам Раиси шаҳр барои таҳкими сулҳу субот, амнияти пойдор, осудагӣ, фазои софу беғубори Ватан ва зиндагии шоистаи халқи тоҷик, солимгардонӣ, расидан ба қуллаҳои баланди илмиву варзиш, пайравии ҷавонмардонаи Шуморо идома дода, аз он ифтихор менамоем ва баҳри ободии Тоҷикистони маҳбуб ва пойтахти он- шаҳри Душанбе ҳамеша кӯшиш менамоем.

Мо–варзишгарону ҷавонону пойтахт ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем.

Бо камоли эҳтиром, варзишгарон ва ҷавонони пойтахт».

варзишНовый рисунок

Хотиррасон менамоем, ки субҳи 7 октябр бо ташаббуси варзишгарон ва ҷавонони фаъоли пойтахт   ҷиҳати  таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш миёни наврасону ҷавонон бо ироаи Муроҷиатномаи ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатӣ — майдони «800-солагии Москва», боғҳои  «Парчами миллӣ», «Устод Рӯдакӣ»,  назди «Шаршара» -и МД  «Наврӯзгоҳ», саҳни Сирки давлатӣ ва дар 70 майдончаи навбунёди  пойтахт  бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор наврасону ҷавонон машқҳои пагоҳирӯзӣ ва мусобиқаҳои гуногуни рафиқонаи варзишӣ баргузор  гардиданд.

Минбаъд низ ин иқдоми наҷиб — машқҳои пагоҳирӯзӣ ва мусобиқаҳои гуногуни рафиқонаи варзишӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе идома меёбанд.

 

 

 

Октябрь 9, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд