НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Октябрь 5, 2017 08:33

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозӣ ва яке аз хизматҳои арзандаю барҷастаи  Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърих ва халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Нақши ду қаҳрамони халқи тоҷик — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Устод Садриддин Айнӣ  ҷиҳати ба маснади баланд бардоштани мақоми забони  тоҷикӣ хеле бузург аст.

Устод Айнӣ дар замони худ таъкид намуда буд, ки забони пурасолати тоҷикиро аз забони тоҷикони кўҳистон пайдо намудан мумкин аст. Дар мақолаи машҳурии худ «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», ки 12 сентябри соли 1924 дар саҳифаи якуми рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расида буд, чунин нигоштааст: «Моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик забони форси сода, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида халт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст».

Ин андеша то имрўз аҳамияти  худро гум накардааст. Табиатан ҳам чунин аст, ки агар баъзе унсурҳои лаҳҷаю шеваро сарфи назар намоем, забони нисбатан тозаву софу соддаву беолоишро аз забони  тоҷикони кўҳистон пайдо кардан мумкин аст.

Президент«Ба ў ду қуллаи кӯҳ монд, ду қуллаи андӯҳ монд»- гуфтани шоир ба ҳамин маънӣ аст, ки тоҷик аз зулму ситами аҷнабиён қуллаҳои кӯҳро манзилу маскан интихоб кард. Дору моли ўро сўхтанду бурданд, аммо тоҷик забону фарҳанги худро дар  вуҷуди худ дар  оғӯши кӯҳҳо нигоҳ дошта тавонист… Ба ин манзур Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низ  аз ҷумлаи фарзандони кўҳистони тоҷик  ба шумор мераванд, ки нахуст худашон забони поки тоҷикӣ доранд. Чун аз миёни халқи оддӣ рўидаанд, халқияти баланд доранду доимо дар миёни мардуманд. Ҳангоми тариқи телевизион пахш гаштани навори суҳбатҳояшон бо  сокинони манотиқи гуногуни кишварамон хурду калон бо завқу кайфияту қаноатмандӣ  суҳбатҳои дилнишинашонро  мешунаванду мебинанд ва ҳаловат мебаранд.  Махсусан дар ҷараёни саволу ҷавобҳо Пешвои миллат бо забони ширини тозаи тоҷикӣ ба хонаи дилҳои ҳамдиёронашон роҳ меёбанд. Ин омил  аввалин нақши Роҳбари давлатамонро дар таҳкими забони модарӣ нишон медиҳад. Ин омил бори дигар фалсафаи «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон»-ро собит месозад. Пешвои мо тоҷикона мегўянд, тоҷикона меандешанд ва тоҷикона нанг меварзанд ва бо ин ҳама  мақому манзалати бузургро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи  ҷаҳон  ба даст овардаанд.

Воқеан, ифтихору саодати ҳар як тоҷик аст, ки имрўз Роҳбари давлат бо забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ сухан мегўянду ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷд меоранд.

  Ҳифзу эҳёи забони ваҳдатсоз

Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон чун як сиёсатмадори воқиф аз гузашта огаҳанд ва имрўз ба он талош доранд, ки нахуст бо фарҳангу забони устувори миллӣ ояндаи босуботи кишварро барои наслҳои оянда чун мерос таъмин созанд. Нағз ва амиқ медонанд, ки ҳеҷ халқе тавассути чанд забон натавонистааст, ки ваҳдати миллиро ба вуҷуд орад. Забон меҳвари ваҳдати миллат аст ва забон ба ҳар миллат истиқлол, марз ва мулку кошона мебахшад. Ба таъкиди Пешвои миллат, забон «ёдгории маънавӣ» ва «рамзи ҳамбастагиву иттиҳоди миллат» мебошад. Аз ин ҷиҳат бесабаб нест, ки ба қавли  Сарвари давлат, яке аз «шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ» имрўз забони мо ба ҳисоб меравад.

Мазмуни суханони Пешвои миллатро дар андарзу таъбирҳои бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ пайдо кардан мумкин аст, ки нисбат ба забони модарӣ баён кардаанд. Пешвои миллат нахуст чун як фарди фарҳангӣ ба забони модарӣ арҷ мегузоранд ва онро «як забони шевою шоирона» медонанд.

Пешвои миллат дар такя ба аҳли зиё, аҳли илму адаб тавонистанд, ки мақоми забони миллатро боло баранд. Қонуни забон  сараввал дар замони шўравӣ  22 июни соли 1989 қабул гашта буд. Аз он ки ин қонун дар аҳди шўравӣ қабул гашта буд, ноқисиҳои зиёд дошт. Баъдан, 5 октябри соли 2009 бо қабули «Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ин рӯз  чун Рўзи забони давлатӣ ба ҳукми таҷлил даромад.  Зиёда аз ин, бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон карда шуд.

Тамоми сокинони кишвар дар замони Истиқлолияти давлатӣ бидуни нишондоди кассе, гурӯҳк ё  марказе аз хориҷи Тоҷикистон тавонистанд, ки ормонҳои миллии худро дар атрофи ин муқаддасот мустақилона баён намоянду пиёда созанд ва шукӯҳи як иди бузурги фарҳангиро бубинанд. Мақому корбасти забони модарӣ дар тамоми соҳаҳову доираҳои иқтисодиву иҷтимоиву коргузорӣ баланд гашт. Қонуни нави забон дар замони истиқлол дар мувофиқат ба меъёрҳои байналхалқӣ ва эҳтирому муносибати хос ба дигар забонҳо таҳияву қабул гашт. Бо мусоидати Роҳбари давлатамон Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи мазкур бо назардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ манфиати забони тоҷикиро ҳимоя менамуд ва менамояд. Акнун дар ҷумҳурии соҳибихтиёри мо барои инкишофу рушди забони модарӣ монеаву душворие боқӣ намондааст.

Эътирофи қудрати забон

Забони давлатӣ чун Парчам, Суруд ва Нишони миллӣ мақоми муқаддас касб кардааст.    Дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин чор унсур дар якҷоягӣ миллати моро муаррифӣ менамоянд. Пешвои миллатамон аз аввалин рўзҳои давлатдорӣ инро амиқан дарк менамоянд ва доиман таъкид менамоянд, ки фанои забон фанои миллат аст. Омилҳои ҷаҳонишавӣ, ки дар навбати аввал метавонад фарҳангу забонҳои миллиро аз байн бибарад, аз мадди назари Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ дур намондаанд.

Сарвари давлат борҳо аз минбару суҳбатҳояшон аз он ёдрас мешаванд, ки миллати моро тавассути забону фарҳангаш мешиносанду эҳтиром менамоянд. Пешвои миллатамон он забонеро зинда гардонидану рушд бахшидан мехоҳанд, ки дар замони Сомониён истифода мегашт. Бузургии ин забонро, ки фарҳангу адабиёту анъанаҳои моро дар домани худ парваридааст, ҳамеша қоиланд. Забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Закариёи Розӣ, Мавлавию Имом Тирмизӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Хайём ва ҳазорон нафар бузургони дигари илму адаб будани забони тоҷикиро мояи ифтихори ҳар як тоҷики имрўза меҳисобанд. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат таҷлили солгарди даҳҳо нафар фарзонафарзандони тоҷик роҳандозӣ гардид, ки моҳияти байналмилалӣ низ доштанд. Ин ҳама гиромидошти фарҳангу забону адабиёти тоҷик аст, ки ғубори тирае тӯли садсолаҳо рўи онҳоро фаро гирифта буд.

Замони муосир пур аз таҳаввулот аст. Маълум аст, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва фарҳангҳои ноаён таҳмилшаванда нахуст ба пояи забону фарҳанг зарба мезананд. Мо шодем, ки истиқлол дорем ва он як иртиботи бузург ба забони миллат дорад ва ин истиқлол ҳифозату нигаҳбониҳоро тақозо менамояд. Дар ин ҷараёнҳои мураккаб ногузир бояд сипару ҷавшани  қавиеро барои забону фарҳанги худ дошта бошем. Ба ин манзур бо нишондоду дастурҳои бевоситаи Роҳбари давлатамон Кумитаи забон ва Академияи улум аз оғоз то имрўз муваззаф гардидаанд, ки вазъи истилоҳот ва шаклгирии он дар тамоми соҳаҳо зери назорат қарор дошта бошанд.

Ба касе пӯшида нест, ки ба таври бесобиқа ворид гардидани истилоҳоти бегона яке аз омилҳои асосии костагии забон  мебошад. Дар ҳошияи ин уҳдадориҳо Барномаи махсуси стратегии рушди забон низ қабул гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз хеле қабл таъкид менамуданд, ки бояд компютеркунонии забони тоҷикӣ ба роҳ гузошта шавад, ки он ҳамоҳангӣ ба фазои иҷтимоии ҷаҳони муосир аст.

Ҳамоҳангӣ ба даъватҳо

Аз ҷониби Пешвои миллат омилҳои махлутшавии забон дар солҳои маълуми замони шӯравӣ борҳо таъкид гардидааст, ки бештар марбут ба соҳаи илму адабу эҷод мебошад. Дар мавридҳои алоҳида аз он гила карда мешавад, ки забони имрўзаи баъзе асарҳо комилу мусбату асил намебошанд. Ошкоро аз ҷониби Сарвари давлатамон зикр карда мешавад, ки бо иллати барномаҳои қолабию фарсудаи замони шӯравӣ хатмкунандаи мактабҳои миёнаи имрўза забони модарии  худро намедонад. Борҳо дар суханрониҳои худ аз он қиёс меоварданд ва меоранд, ки дар ҷаҳони мутамаддин бо усулу равишҳои хос забонҳои хориҷиро дар давоми 2-3 сол меомўзанд. Ин як василаи бедор сохтани нанги миллӣ барои омўзгорону мураббиёну мутахассисони забон мебошад.  Аз ин рў услуҳои нави таълими забони модарӣ, таҳияи китобу дастурҳоро аз ҷониби мутахассисону ниҳодҳои марбута ногузир мешуморанд. Дар роҳи тақвияту ташаккули забони ноби тоҷикӣ нақшу хидмати адибону рўзноманигоронро ҳамеша зикр менамоянд. Махсусан забони тозаву намунавии ВАО-ро омили асосии рушди забон меҳисобанд, ки ин нуқтаро устод Айнӣ ҳам дар мисоли чанд нашрия дар замони худ таъкид дошта буд.  Аз ҷумла адиби забардаст дар мақолаи худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома», ки 25 августи соли 1924 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шудааст, таъкид намуда буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст…».

Дарҳақиқат, забон симои миллат аст. Дар рўи ҷаҳон халқеро ки забон надорад, касе наметавонад миллат биномад. Ин ҷиҳат аст, ки имрўз дар кишвари мо як забони расмӣ амал менамояд ва, тавре  Сарваридавлатамон таъкид менамоянд, «онро бояд ҳар як шаҳрванди кишвар донад. Зеро ин забони расмӣ рамз ва санади расмии мавҷудияти имрўзу гузаштаи тоҷикон аст».

Дар роҳи рушду эҳтироми забони модарӣ мавқеи Пешвои миллат аз оғоз устувору қатъӣ мебошад. Дар ин роҳ масъулону роҳбарон муваззафанд, ки бояд ҳар яки онҳо дар навбати аввал забони модарии худро хуб донанд. Ин беҳтарин воситаи  баланд бардоштани мақоми забони модарист, ки афроди огаҳу гаҳе  ғофил ба ҳаракат моил мешаванд. Ин ҳама даъват ба масъулият дар роҳи ҳифзу эҳтироми забон аст.

Феълан забони модариро кишварҳои абарқудрат асоси амнияти худ медонанд ва тавассути он як навъ салтанат низ доранд. Ин далел бори дигар ба он далолат менамояд, ки тамоми таъкидҳои  Пешвои муаззами миллатамонро дар роҳи ҳифзу эҳтироми забон сармашқи кори худ қарор диҳем. Дар ин самт хушо, ки  феълан фазову муҳити созандаву созгор   вуҷуд дорад!

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

устоди ДМТ

Октябрь 5, 2017 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

4 сентябр дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир мегардад
ТАНҲО НАСЛИ ДОНИШМЕҲВАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕСОЗАД! Андешаҳои директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино
Ҳангоми аввалин маротиба ба мактаб рафтан кӯдак бо кадом мушкилӣ дучор мегардад? Тавсияи равоншинос дар ин хусус
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
«ҶОЗИБАИ ПЕШВО». Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт