Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии муқовимат бо коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни сайри осорхонавӣ ҳайати Агентии муқовимат бо коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон дар толорҳои намоишии «Асри санг», «Аҳди биринҷ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо, «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бою рангин ва шоҳкориҳои нодир, ки аз ҷониби ниёгони тоҷикон офарида шуда, инъикосгари фарҳанги миллати тоҷик давоми таърих мебошанд, аз наздик шинос гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






