Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ бо номи «Сафедии сукутшикан аз кӯҳҳои Помир то Созмони Милали Муттаҳид: пиряхҳо, иқлим ва ташаббусҳои Роҳбари ҷаҳонӣ» ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар китоб нисбат ба ташаббусҳои муҳими навбатии ҷаҳонии пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 ва таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март), ки бо қарори махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, таҳлил ва андешаҳои муаллиф рӯйи қалам оварда шудаанд.
Дар китоб муаллиф атрофи мавзуъҳо роҷеъ ба тақсими оби ширини рӯи Замин, дастрасии глобалӣ ба оби нӯшокӣ, харитаи ҷойгиршавии пиряхҳо дар ҷаҳон, мушкилоти асосии глобалӣ дар асри 21, пайомадҳои обшавии пиряхҳо, афзоиши партови газҳои гулхонаӣ ва ғайра бо далелу омор маълумоти муҳим пешниҳод намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






