Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 4.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Забон – омили ҳастии миллат»- таҳти чунин унвон дирӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳакмоиш баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиш мавзӯъҳои мухталифи илми забоншиносӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Абдулмуъмин Қутбиддинов, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ» иброз намуд, ки Пешвои миллат забонро рукнии асосии давлатдорӣ арзёбӣ намудааст.
«Боиси ифтихору саодати ҳар як тоҷик аст, ки имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан мегӯяд. Ин сухану андешаҳои Сарвари давлат симои Тоҷикистон дар ҷаҳон гаштаанд»,- афзуд Абдулмуъмин Қутбиддинов.
Ҳамчунин иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Бозтоби чеҳраи устод Садриддин Айнӣ ҳамчун поягузори забони адабии тоҷик дар маводи озмунии нашрияи «Ҷумҳурият», «Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор» «Имконоти воҳидҳои луғавии забон дар ташаккули афкори омма» маърӯза карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






