«Нақши пешвоёни дин дар ҳолатҳои фавқулода»-ҳамоиш дар Бадахшон

Октябрь 12, 2017 10:20

ХОРУҒ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии шаҳри Хоруғ бо ибтикори намояндагони Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши дурӯза дар мавзӯи «Нақши пешвоёни дин дар ҳолатҳои фавқулода» баргузор гардид. Дар ҳамоиш сархатибон, имомхатибон, халифаҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Дар пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои  офатҳои гуногуни табиӣ дар баробари кормандони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин  намояндагони дин нақши муассир доранд. Зеро сархатибону имомхатибон ва халифаҳо аз рӯзҳои аввали сар задани ин ё он ҳолати фавқулода дар канори кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар идораву муассисаҳои марбута  истода, ба онҳо кумаки моддию маънавӣ мерасонанд.

Намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх Клаудия Аззолини зимни ҳамоиш гуфт, ки «барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва даргириҳои дохилӣ дар саросари ҷаҳон  бештари вақт мо бо намояндагони дин низ ҳамкорӣ мекунем. Тоҷикистон ҳоло кишвари амну ором ба шумор меравад, аммо чанд соли охир бар асари зилзила, обхезию сангчарх ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам хисороти зиёди молӣ мебинад. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон соли 1992 ба фаъолият шурӯъ кард ва барномаҳои худро дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Мушкилоти башардӯстона, ба монанди поксозии замин аз мина, ҷустуҷӯи афроди гумшуда, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода аз вазифаҳои аслии  КБСС ба шумор меравад».

Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Зокиров нақши намояндагони динро дар пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода хеле муассир хонда, изҳор намуд, ки дар ин ҳамоиш онҳо роҳҳои боз ҳам беҳтари расондани кумакҳои мухталиф ба мардуми зарардидаро ба таври муштарак ҷустуҷӯ мекунанд.

Октябрь 12, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад