Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст
ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Прадип Сривастава мулоқоти корӣ доир намуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев Прадип Сриваставаро бо вазъи макроиқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон доир ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Ӯ ҳамчунин барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ ва фишангҳои муосир, ки барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум заминаи мусоид фароҳам меоваранд, изҳори андеша намуд. Ҷамолиддин Нуралиев барои расонидани кумаки техникӣ дар ин самтҳо тавассути тренингҳо барои таҳлилу тадқиқоти минбаъда, инчунин мубодилаи таҷрибаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар бонкҳои марказии ҳамкор даъват ба амал овард.
Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Прадип Сривастава иброз дошт, ки аз ҳамкории дуҷониба ва судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст ва омодагии ташкилоти худро барои дастгирӣ ва идомаи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар бахши беҳбуд бахшидани низоми бонкӣ, татбиқи ислоҳот дар бахшҳои монетарӣ ва фискалӣ идома диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






